Таблиғи Тоҷикистон дар шабакаи телевизиюнии «Euronews»

[b]Давлати Тоҷикистон таҳияи тарҳи таблиғи ин кишвар барои атбоъи кишварҳои урупоиро тавассути шабакаи Евронюз (Euronews) фармоиш додааст.[/b]

Ин тарҳро ширкати давлатии «Талко» сармоягузорӣ мекунанд, ва қарор аст 25-уми августи соли ҷорӣ навори таблиғотӣ дар бораи Тоҷикистон дар шабакаи телевизиюнии Евронюз барои нахустин бор пахш шавад.

Игор Сатторов, сухангӯйи ширкати «Талко» рӯзи душанбеи 8 август ба Би-би-сӣ гуфт, ки пахши ин навор ҳамарӯза то рӯзи 9-уми сентябр, яъне рӯзи истиқлоли Тоҷикистон идома хоҳад ёфт.

Вай гуфт, ки дар ин навори сисониягӣ иттилоъоте марбут ба зарфияти Тоҷикистон, таърих, сунан, дастовардҳо ва табиъати ин кишвар ба намоиш гузошта шавад.

Ба гуфтаи оқои Сатторов, эҳтимол дорад, дар оянда пахши ин навори таблиғотӣ тавассути шабакаи Евронюз идома ёбад. Вай афзуд: “Ҳоло мо бо ин шабака танҳо барои пахши ин навор аз 25 август то 9 сентябр қарордод бастаем. Дар сурати пардохти маблағи изофӣ, идомаи пахши ин навор имконпазир аст.”

Ба гуфтаи сухангӯйи Талко, ҳазинаи кулли ин тарҳ болиғ бар 120 ҳазор юру аст. Вай хабар дод, ки бар асоси талаботи ширкати Евронюз, барои таҳияи ин навори таблиғотӣ озмун эълом шуда буд.

Дар ин озмун гурӯҳи расонаҳои «ASIA-Plus» пирӯз шуда ва аз ҳаққи таҳияи ин маводд бархӯрдор шудааст.

Вале, ба гуфтаи оқои Сатторов, тибқи дархости шабакаи Евронюз, барои омода сохтани ин навори таблиғотӣ ширкати мавсум ба “Рокит медиа коммуникейшэн” аз шаҳри Клагенфурти Утриш мушорикат мекунад.

Игор Сатторов мегӯяд, ки ҳадафи аслии рӯйи даст гирифтани ин тарҳ, муъаррифии бештари Тоҷикистон барои сокинони кишварҳои урупоӣ будааст ва ҳамзамон “ин тӯҳфае барои сокинони Тоҷикистон дар остонаи ҷашни бистумин солгарди истиқлол хоҳад буд.”

Зимнан, дар як соли ахир дар шабакаи Евронюз бархе аз кишварҳои шӯравии пешин, назири Қазоқистон ва Озарбойҷон таблиғ ва муъаррифӣ мешаванд. Коршиносон мегӯянд ин амр ба боло рафтани имиҷи кишвар, ҷалби сармояи хориҷӣ ва ҷаҳонгардон ба ин кишварҳо мусоъидат мекунад.

Аз сӯйи дигар, барои бори нахуст нест, ки ширкати тавлидкунандаи олюминиями Тоҷикистон ба таблиғи дастовардҳои ин кишвар дар шабакаҳои телевизиюнии хориҷӣ машғул мешавад.

Игор Сатторов хабар дод, ки дар баҳори имсол «Талко» хабарнигорони шабакаи аввали телевизиюни Русияро ба ҷашни Наврӯз даъват карда буд. Сипас, ин шабака дар бораи Тоҷикистон чанд маводеро ба намоиш гузошт, ки гуфта мешавад, бештар ҷанбаи таблиғотӣ дошт.

Вале шабакаи аввали телевизиюни Русия барои пахши ин маводд маблағе пардохт накарда буд. Ширкати «Талко» танҳо махориҷи сафари гурӯҳи таҳиягарони барномаро сармогузорӣ кардааст.

Аз сӯйи дигар дар соли ҷорӣ ширкати «Талко» дар сохтмони пояи парчами баландтарин дар ҷаҳонро, ки ба ифтихори 20-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон дар Душанбе сохта шудааст, саҳм гирифтааст.

Ширкати Талко аз бузургтарин ширкатҳои санъатии ин кишвар аст, ки олмуниюм тавлид мекунад ва фаъолиятҳои он таҳти назорати мустақими давлати Тоҷикистон қарор дорад.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/08/110808_if_euronews_tajik_talco.shtml

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *