[b]«Ҷаҳон дар марҳиллаи таҳаввулоти рушд: мушкилоти нави қарни 21 дар сиёсати молиявӣ ва иқтисодӣ», таҳти чунин унвон дар Душанбе, бо ибтикори Анҷумани миллии васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон, бо мусоидати Хазинаи Конрада Аденаураи Олмон нишаст баргузор гардид, ки дар он коршиносони масоили сиёсию иқтисодӣ, вакилони парлумони Тоҷикистону Олмон ва намояндагони васоити ахбори омма ширкат варзиданд.[/b]
Раиси АМВАОМТ Нуриддин Қаршибоев ва намояндаи ваколатдори Хазинаи Конрада Аденаура дар Осиёи Марказӣ Томас Кунсе баргузории чунин чорабиниро қадами муассире бобати таҳлил ва баррасии амиқи масоили муҳими марбут ба вазъи сайёра дар шароити таҳаввулот ва вазъи иқтисодию молиявии ҷаҳон, хусусан Тоҷикистон ва Олмон арзёбӣ карданд.
Дар нишаст узви Бундестаги Олмон, ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои энергетикӣ, раис оид ба масъалаҳои сиёсию иқтисодии фраксияи ХДС/ХСС дар Бундестаги Олмон Йоахим Пфайффер доир ба вазъи феълии иқтисодии Олмон дар шароити бӯҳрони молӣ, дастовардҳои ин кишвар дар бахши иқтисоду тиҷорат, энергетика, коммуникатсяи ва сатҳи иҷтимоии аҳолии Олмон табодули назар кард. Мавсуф гуфт, ки бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ чун дигар кишварҳои ҷаҳон ба иқтисодиёти Олмон таъсири худро расонидааст. Ҷиҳати бартараф намудани бӯҳрони молӣ роҳбарияти кишвараш тадбирҳои мушаххаси зиддибӯҳрониро андешидааст. Ин аст, ки вазъи молиявӣ ва иқтисодии Олмон дар қиёс ба дигар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, ки теъдодашон ба 27 давлат мерасад, беҳтар ва сатҳи баланд қарор дорад.
Узви Бундестаги Олмон ҳамзамон, доир ба ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Олмон ибрози назар карда, афзуд ки бо вуҷуди оне, ки ҳар ду давлат аз ҳамдигар дар масофаи тӯлонӣ воқеъ гардидаанд, захираҳои бои обию энергетикӣ ва туристии Тоҷикистон имкон медиҳанд, ки Олмон дар ин бахш бо Тоҷикистон ҳамкории густурдаро ба роҳ монад. Мавсуф афзуд, ки бо назардошти шароити мусоиди рушди соҳибкорӣ, шаффофият ва кафолати амнияти соҳибкорони хориҷӣ дар Тоҷикистон, соҳибкорони олмонӣ имкон доранд дар бахши энергетика, хусусан истифодаи сарфаҷӯёнаи он ва туризм ҳамкории самарабахшро ба роҳ монанд.
Дар фарҷоми нишаст рӯзноманигорони тоҷик ба саволҳои сершумори худ, ки фарогири масъалаҳои марбут ба рушди таҳаввулот дар ҷаҳони муосир, вазъи иқтисодию молии онро дар бар мегирифт, аз узви Бундестаги Олмон посухҳои мушаххас гирифтанд.
АМИТ «Ховар»
Источник: http://khovar.rs.tj/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=19247&Itemid=13