Таассуфи фиристодаи СММ аз вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон

Девид Кайе, фиристодаи СММ оид ба масъалаи ҳуқуқи инсон ва озодии баён аз таассуроти сафари якҳафтаинааш ба Тоҷикистон ва вохӯрию мулоқотҳо бо намояндагони мақомоти кишвар ва наздикони боздоштшудагони ҲНИТ суҳбат кард.

Ӯ имрӯз зимни нишасти хабарӣ бо рӯзноманигорон вобаста ба зиёд гаштани маҳдудияти ҳизбҳои мухолифи ҳукумат, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва васоити ахбори оммаи Тоҷикистон дар соли гузашта изҳори нигаронииҷиддӣ намуд.

Девид Кайе ҳамчунин доир ба маҳдуд ва баста шудани веб-сайтҳо, шабакаҳо, аз ҷумла хизматрасонии алоқаи мобилӣ махсус қайд кард. Ин таҳлилгари СММ аз баста шудани ҲНИТ ва боздошту тариқи пӯшида роҳандозӣ намудани айбдории 13 узви он махсус изҳори таассуф намуда, гуфт: «Чунин амалҳое, ки Ҳукумати Тоҷикистон зидди ҲНИТ ва аъзои он роҳандозӣ намуда истодааст, қадами ҷиддие ба қафо барои доираҳои сиёсӣ шуда метавонад. Ҳукумат ин ҳизб ва роҳбарияти онро ба ҷиноятҳои ҷиддӣ гунаҳгор медонад, вале дар ин радиф ба ҷомеаи шаҳрвандӣ маълумотҳо аз мурофиаҳои судӣ ва ҳуҷҷатҳои исботкунандаи он дастнорас мегарданд».

Девид Кайе гуфт, ки моҳи майи соли равон Тоҷикистонро зарур меояд нисбати ин ва дигар масъалаҳои ҷиддӣ ба намояндаи СММ оид баҳуқуқи инсон ҳисобот пешниҳод намояд.

 

http://faraj.tj/news/12678-taassufi-firistodai-smm-az-vazi-1203u1179u1179i-inson-dar-to1207ikiston.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *