Тааҷҷуб, ҳайрат ва раддияи “Эсхата” ба мақолаи “Фараж”

Раёсати ҷамъияти саҳомии кушодаи «Бонки Эсхата” аз хондани мақолаи «5000000 Эсхаты или почему же банк «Эсхата» всегда преподносит «сюрпризы» таджикскому народу в преддверии весны или зимы» (муаллифи мақола рӯзноманигор Ҷамила Мирбозхонова) «ба тааҷҷуб афтода, дар ҳайрат мондаанд”, ки «чунин овозаҳои беасос ва ғайбати маҳз аз куҷо сарчашма гирифтааст” ва сабаби тааҷҷубу ҳайрати худро дар раддияи зерин шарҳ додаанд:

«Ба сардабири нашрияи «Фараж” муҳтарам Хуршеди Атовулло.

Роҳбарият ва умуман ҷомеаи меҳнатии ҶСК «Бонки Эсхата” аз хондани мақолаи «5000000 Эсхаты или почему же банк «Эсхата» всегда преподносит «сюрпризы» таджикскому народу в преддверии весны или зимы», ки санаи 14 марти соли 2015 дар сомонаи нашрияи «Фараж” нашр гардидааст, ба тааҷҷуб афтода, дар ҳайрат мондаанд, ки чунин овозаҳои беасос ва ғайбати маҳз аз куҷо сарчашма гирифтааст, зеро давоми солҳои охир ягон ҳуҷҷати тасдиқкунанда оид ба дар назди Кумитаи андоз ба маблағи 5 миллиону 100 ҳазор сомонӣ қарз доштани ҶСК «Бонки Эсхата” нарасидааст ва мақомотҳои дахлдор низ ин нуктаро тасдиқ карданд.

Гузашта аз ин, ҶСК «Бонки Эсхата” яке аз андозсупорандагони калони вилоят ба ҳисоб рафта, саҳми назарраси худро дар ғанӣ гардонидани буҷаи вилояту ҷумҳурӣ гузошта истодааст. Бонк яке аз муассисаҳои молиявие мебошад, ки фаъолияти молиявиашро ба таври шаффоф пеш бурда, боре ҳам аз супоридани андоз саркашӣ накардааст.

Дар мақола муаллиф Ҷамила Мирбозхонова ягон қоидаву қонуни журналистикаи тоҷикро риоя накарда, дур буданашро аз рукнҳои асосии этикаи журналистӣ нишон додааст. Чунин амал, яъне беасос, бе ягон факту далел, бе ягон сарчашмаи расмӣ ва тасдиқёфта чоп кардани туҳмати ҷиддӣ нисбат ба роҳбарияти Бонк на танҳо муаллифи мақола, балки Шуморо низ ҳамчун сардабири нашрия масъулиятнок месозад.

Муаллифи мақола талаботи сархати 2, моддаи 29-и қонуни ҶТ «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма”-ро риоя накарда, саҳеҳии ахбори гирифтаашро насанҷида, онро ба чоп додааст.

Бо эҳтиром, раиси раёсат Носиров Х.Д.”

http://faraj.tj/news/8788-taa12071207ub-1203ayrat-va-raddiyai-eshata-ba-ma1179olai-farazh.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *