Таҳияи нави Сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сомонаи худро дар таҳияи нав фаъол кард. (http://mfa.tj)
Сомонаи нави Вазорат тарҳи замонавӣ дошта бо навтарин барномаҳои сомонасози коркард шудааст. Дар сомона бо се забон хабару гузоришҳо интишор хоханд шуд. 

Тибқи маълумоти худи сомонаи вазорат дар саҳифаи аввал 4 хабари асосӣ ва 10 хабари дигар ҷой дода шудааст. Бахшҳо роҷеъ ба сиёсати хориҷӣ, хадамоти иттилоотӣ, хадамоти консулӣ, аз ҷумла банди алоҳида бо аксҳову наворҳои видеоӣ, бахши намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷа дар шакли харитаи интерактивӣ ва қисмати нашрияҳои Вазорат дар шакли электронӣ тањия гардидааст.
Инчунин дар сомонаи нави Вазорат системаи RSS насб карда шудааст, ки барои сари вақт огоҳ шудан оид ба маълумоти нав мусоидат менамояд.
Дар поёни саҳифаи асосии сомона маҷмӯи бахшҳо ва зербахшҳои он оварда шудааст, ки барои дарёфти маълумот кӯмак мерасонад.
Ҳамзамон сомонаҳои расмии баъзе аз идораҳои давлатӣ дода шудаанд, ки бо нохун задан болои он ба сахифаи онҳо ворид мешавед.

http://matrix-tv.tj/tahiyai-navi-somonai-vazorati-korhoi-khorijii-jumhurii-tojikiston/

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *