Дар ҷаласаи охирин дар соли равони Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, ки имрӯз доир мегардад, лоиҳаи қонун «Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ» мавриди баррасӣ қарор мегирад.
Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин масъалаҳои ворид намудани тағйироту илова ба қонунҳо «Дар бораи иҷораи молӣ (лизинг)», «Дар бораи маориф», «Дар бораи ҳифзи солимии аҳолӣ», «Дар бораи бақайдгирии давлатаии асноди ҳодати шаҳрвандӣ», «Дар бораи низоми иҷозатномадиҳӣ», тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ва Кодекси мурофиавии ҷиноятии Тоҷикистон низ баррасӣ мешаванд.
Ҷаласаи охирини иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар соли 2015 санаи 30 декабр баргузор мешавад.
http://news.tj/tj/news/ta-iyai-loi-ai-onun-dar-borai-faoliyati-noshir