Шӯрои уламо дар шабакаҳои радио ва телевизиони Тоҷикистон барномаҳои мазҳабӣ таҳия мекунад.
Саидмукаррам Абдулқодирзода, Раиси Маркази исломии Тоҷикистон ба TojNews гуфт, ки таҳияи чунин барномаҳо ба нафъи мардум ва ҷомеа буда, масъалаи вақту замони пахши онҳо дар Шабакаи якум ва радиоҳои давлатӣ дар рӯзҳои наздик ҳалли худро пайдо мекунад.
Ба гуфтаи раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон ин барномаҳо бо сопориши Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, айни замон омодаӣ барои таҳия ва пахши онҳо бо мутахассисон идома дорад.
Шӯрои уламои кишвар ҳадаф аз роҳандозии ин барномаҳои мазҳабиро баровардасозии ниёзҳои мардум унвон карда, мехоҳад аз афзоиши ифротгароӣ дар байни ҷавонон ҷилавгирӣ кунад.
Дар Маркази исломии мегӯянд, ки дар ин барномаҳо сирф мавзӯъҳои динӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.
Дар шабакаҳои давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон барномаҳои доимии мазҳабӣ ва динӣ мавҷуд нест, танҳо дар моҳи Рамазон чунин барномаҳо ба роҳ монда мешавад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки мардуми кишвар ба воситаи шабакаҳои маҳвораӣ ба барномаҳои мазҳабии телевизионҳои хориҷӣ таваҷҷӯҳ доранд.
Саидмуккарам Абдулқодирзода шахсан дар таҳияи чунин барномаҳо таҷриба дошта, қаблан дар Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон барномаҳои динӣ таҳия мекард.
Copyright @2015 TojNews
http://www.tojnews.org/tj/news/takhiyai-barnomakhoi-mazkhabii-televizioni-az-chonibi-shuroi-ulamoi-tochikiston