Шоҳиди асосии парвандаи Муҳаммадюсуф Исмоилов, рӯзноманигори зиндонии тоҷик мегӯяд, барои сӯҳбатҳояш бо расонаҳо шахсони номаълум ба ӯ фишор оварда истодаанд.
Мадина Саидова, ки дар парвандаи Муҳаммадюсуф Исмоилов шоҳид будааст, дар сӯҳбат ба TojNews гуфт, ки ашхсои номаълум ба ӯ занг зада талаб доранд, ки аз сӯҳбат бо рӯзноманигорон худдорӣ кунад, дар акси ҳол барои худаш мушкил эҷод мекунанд. Ӯ ба ин бовар аст, ки ин зангҳо аз ҷониби мақомоти ноҳияи Ашт мебошад.
Ба гуфтаи Мадина Саидова, баъд аз онки ӯ бозиҳои пасипардаги мақомот дар рафти баррасии парвандаи Исмоиловаро ошкор ва талаби озодии ӯро кардааст, беист аз тарафи мақомот занг зада таҳдид кардаанд, ки садои худро хомӯш кунад. Онҳо мегӯянд, “ба журналистҳо гап назанед, онҳоро ришодорҳо кушодагӣ ҳастанд, шумо чи будани сиёсати давлату ҳукуматро намедонед”.
-Ман ба онҳо гуфтам, ки барои аз зиндон баровардани Муҳаммадюсуф Исмоилов ҳама корро мекунам. Қаблан моро маҷбур карданд ки баёнот нависем. То суд гузаштан аз қафои мо мисли соя гаштанд, баъде ки Исмоилов ҷазо гирифт дигар касе парвои моро накард. Мо 6 сотих боғ дорам, мехоҳанд онро кашида гиранд. Вақте мо ба ошкор кардани асрор шуруӯъ кардем худи моро шантаж карда истодаанд. Азоби виҷдон барои мо хеле вазнин аст,-таъкид мекунад Мадина Саидова.
Шоҳиди асосии парвандаи Исмоилов, аз зери хатар мондани зиндагиаш бонги изтироб зада мегӯяд, дасту пояш баста аст ва намедонад барои баровардани рӯзноманигори зиндонӣ чи кор кунад.
Муҳаммадюсуф Исмоилов 24-уми июни соли 2013 бо иттиҳоми тамаъҷӯӣ боздошт ва моҳи октябри ҳамон сол аз ҷониби Суди сайёри ноҳияи Мастчоҳ ба 11 соли ҳабс маҳкум шуда буд. Ба қавли мақомоти тафтишотӣ гӯё Исмоилов ба Санавбар Аҳадова, як соҳибкори аштӣ таҳдид кардааст, ки дар сурати напардохтани ҳаққи ӯ кадом асрори ӯро ошкор хоҳад кард.
Ба гуфтаи Саидова, қаблан гумон намекард, ки Исмоилов ин қадар ҷазо мегирад. Фикр кардем, ки як огоҳӣ медиҳанд. “Вале аз одамкуш дида барои ӯ зиёдтар ҷазо доданд. Барои дастгир кардани Муҳаммадюсуф мо мисли шашка будем. Вақте ки ҳукмро эълон карданд ман ҳамон вақт пушаймон будам, зеро гумон надоштам ки ба он кас ин қадар ҷазо медиҳанд”, — таъкид мекунад бо таассуф.
Дар ҳамин ҳол Садриддин Саидов, вакили дифои Муҳаммадюсуф Исмоилов мегӯяд, пурра озод шудани зерҳимояаш ба даст кашидан аз даъвои шоҳидон вобастагӣ надорад. Аммо агар онҳо аз болои амалҳои ғайриқонунии дар рафти тафтишот сурат гирифта ба Суди олӣ шикоят кунанд, имкони бозбинии парванда вуҷуд дорад.
Суд ин рӯзноманигори тоҷикро бо моддаҳои 250, қисми 2 (тамаъҷӯии такрорӣ) ва 247 (қаллобӣ бо расонидани зарари ҷиддӣ ба шаҳрванд)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳкор дониста буд. Даъвои ӯ то Суди олӣ расид ва моҳи августи соли гузашта ин ниҳод ҳукми Исмоиловро вазнин арзёбӣ карда, барои бозбинӣ онро ба Суди вилояти Суғд ирсол карда буд. Вале Суди вилояти Суғд ин дархости Суди олиро рад кард.
Ин дуюмин ҳолати ба зиндон афтодани ӯ мебошад. Қаблан ӯ соли 2011 барои нашри мақолаи интиқодие бо номи «Ашт валангор мегардад» бо иттиҳоми «тӯҳмат, таҳқир, тамаъҷӯӣ ва маҳалгароӣ боздошт шуда, 11 моҳ дар ҳабси муваққатӣ буд. Дар пайи интиқоли шадиди созмонҳои байналхалқӣ ва сафари Кондолиза Райс, вазири вақти корҳои хориҷии ИМА ба Тоҷикистон ӯ аз зиндон озод шуд.