ТАҲДИДИ БА ҶАВОБГАРӢ КАШИДАНИ АБДУФАТТОҲИ ҒОЙИБ

Алайҳи раҳбари Агентии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон имкон аст, ки парвандаи ҷиноӣ дар робита ба қазияи қатли пурасрори Шуҳрат Яхшимуродов, маъруф ба «Шуха» парванда оғоз шавад.

Ин иддаои Додоҷон Атовуллоев, журналисти мухолифи ҳукумати Тоҷикистон ва роҳбари Созмони “Ватандор” дар суҳбат бо телевизиони интернетии мухолифин — “Кимиёи саодат” садо дод.

Атовуллоев, ки бо суханрониҳои тезу тунд ва таҳқиромезаш ба унвони роҳбарияти Ҳукумат ва мақомоти ҳукуматии Тоҷикистон маъруф аст, гуфтааст: «дар ояндаи наздик алайҳи Абдуфаттоҳи Ғойиб парвандаи ҷиноӣ оғоз хоҳад шуд. Дар телефони Шӯҳрат Яхшимуродов, ки чанде пеш дар Маскав кушта шудааст, ҳамаи мукотибаи наздиктарин одами Абдуфаттоҳи Ғойиб бо Шӯҳрат дар бораи аз байн бурдани ӯ мавҷуд аст».

«Аллакай ин мукотиба дар дасти 2-3 кишвари Аврупоӣ мавҷуд аст. Ин кифоя аст, ки аз рӯи моддаи қасди куштор алайҳи Абдуфаттоҳи Ғойиб парвандаи ҷиноӣ боз шавад. Ин мукотиба айни ҳол сирри махфӣ барои тафтишот аст ва муфаттиш, ки яке аз муфаттишҳои маъруф дар кишвари аврупоӣ аст, аз ман хоҳиш кард, ки айни ҳол ин чизҳоро нашр накунам, ба хотири онки ба рафти тафтишот халал нарасонад,-гуфтааст, сиёсатмадори мухолифи ҳукумат», -гуфтааст ӯ.

Дар ин мусоҳибаи телевизионӣ, роҳбари ташкилоти “Ватандор” асосан ба қазияи боздошти Шӯҳрат Қудратов дахл карда гуфтааст, боздошти адвокати Зайд Саидов нишони заъфи ҳукумат будааст.

Додоҷон Атовуллоев дар ҳоле иддаои ба ҷавобгарӣ кашидани Абдуфаттоҳи Ғойибро дубора расонаӣ кард, ки директори Агентии зидди фасод, суоли хабарнигоронро дар бораи «заказ»-и ӯ ба Шуҳрат Яхшимуродов, қаблан бо ханда қабул карда буд.

-Ман чӣ, дигар кор надорам? Ман ягон нафарро бо номи Шуҳрат Яхшимуродов намешиносам, -гуфта буд раиси Агентии назорати давлатии мубориза бо коррупсия назди Президенти Тоҷикистон.

Мавриди зикр аст, ки Шуҳрат Яхшимуродов, ки ҳамчун соҳибкор шинохта мешуд, 22-юми апрел дар наздикии манзили зисташ дар Маскав ҳадафи тири афроди номаълум қарор гирифт.

То ҳол қотилони марги ӯ пайдо нашудаанд ва дар қазияи ӯ чандин фарзияҳо мавҷуд аст.

Додоҷон Атовуллоевев он вақт ҳамчун як фарзияи қатли «Шуха» гуфта буд, ки қатли Яхшимуродов метавонист бо фармон аз Душанбе сурат гирифта бошад.

Манобеи огоҳ мегӯянд «Шуха» воқеан бо роҳбарияти мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон робитаи наздик доштааст, аммо аз фарзияҳои дигари эҳтимолии қатли «Шуха», ки соли 1995 расонаҳои русӣ ба қатли чеҳраҳои маъруфи олами ҷиноии Русия — чеченҳо Арсамбиков ва (Мурик) Зангиев гумонбар донистаанд, ҳарф мезананд.

Манобеи огоҳ мегӯянд, Шуҳрат Яхшимуродов, яке аз нозир  ё «смотряший»-ҳои тоҷик дар олами ҷиноии Русия будааст ва чанд сол пеш бо яке аз «смотряший»-ҳои тоҷики дигар барои контроли гуруҳҳои ҷиноии тоҷик хархаша карда, ҳарифашро аз таппонча парронда, пояшро захмӣ кард. Аммо баъдан барои кадом ҷинояти дигар ин захмхўрда зиндон шуд.

Ӯ бояд ҳатман қасд мегирифт ва ду сол пеш баъди аз зиндон баромаданаш, шабу рӯз дар пайи Шуха буд. Шуха аз Русия фирор кард. Чанде аз пешвоҳои олами ҷиноии Маскав  «ҳукми қатлаш»-ро бароварда буданд. Яъне, Шуҳрат бояд қатл мешуд! Аз ин рў мутмаъинан мегўям, ки  ӯро на каси дигар, балки гуруҳҳои ҷиноии пойтахти давлати Русия аз байн бурдаанд»,- мегўяд манбаъи мо, ки нахост номаш ифшо шавад.

Ин манбаъ мегӯяд: “Шуҳрат ҳич рабте бо мухолифин надошт, тавре Додоҷон Атовуллоевев гуфтааст. Баръакс, одами ҳукуматӣ буд.
“Ӯ Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломаносовро хатм карда буд. То куҷо ҳақиқат дошт, ман намедонам, вале худаш мегуфт, ки ин ду донишгоҳро бо дипломи сурх хатм карда, аммо соате ҳатто духтурӣ накардааст»,-гуфт манбаъи TojNews.

http://www.tojnews.org/tahdidi-dodojon-atovullo-ba-abdufattohi-goib

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *