Бо як тамоси телефонӣ, фурӯшандаи газета аз нуқтуи назди Автовокзали маркази Душанбе аз таҳдиди роҳбари милитсияи Сино 2-и пойтахт шикоят кард.
Ҳақназаров Тоҳир фурӯшандаи рӯзномаву маҷаллаҳои гуногун дар ин нуқта буда, ба гуфти худаш, тайи се чор рӯзи охир аст, ки сардори милитсия Дадаҷонов омада ба ӯ таҳдид мекунад, ки аз фурӯхтани рӯзномаву маҷаллаҳо дар ин нуқта даст кашад. Номбурда мегӯяд, ки гарчанде сабабашро аз ӯ борҳо пурсид, вале шарҳе надодааст. Ҳақназаров гуфт, ки дар пайи ин таҳдидҳо ҳоло аз фурӯши рӯзномаҳо маҳрум шудааст ва ночор мондаву ба куҷо муроҷиат карданашро намедонад. Ба гуфтаи ӯ, муштариёнаш пайваста ба суроғааш меоянд ва аз сабаби иҷозат набудан наметавонад ба онҳо рӯзнома ё маҷаллаи лозимиашонро диҳад.
Фурӯшанда мегӯяд, ки давоми ҳар ҳафта аз анвои гуногуни рӯзномаву маҷаллаҳо тайи 2000 ададро мефурӯшад ва нуқтаи ӯ барои муштариёнаш яке аз беҳтарин нуқтаҳо дониста мешавад, ки анқариб аз ҳама номгӯи рӯзномаву маҷаллаҳо дар он дида мешавад.
Ёдрас мешавем, ки чанде қабл низ дар чанд нуқтаи дигари рӯзномафурӯшӣ аз сӯи кормандони милиса нисбати фурӯшандагон таҳдидҳо шуда буд, то дигар аз фурӯши нашрияҳо даст кашанд.
http://faraj.tj/news/5278-ta1203did-ba-r1263znomafur1263sh-dar-avtovokzal.html