Таҳдид ба Орзу Исоев

«Суроғаат дар куҷо аст, омада каллаатро  мегирам. Шаб аст, рӯз аст, барои ман фарқе надорад, аз таги замин пайдо карда  худам туро мекушам!»-таҳдид кардааст  нафаре аз рақами телефони мобилии 93 823 03 93 ба Орзу Исоев, журналисти радиои «Имрӯз».

Орзу Исоев зимни сӯҳбат зиёда аз 15 рақами телефони мобилиро ба мо нишон дод, ки аз он рақамҳо ба ӯ занг зада, ӯро дашному ҳақорат ва таҳдиду  таҳқир кардаанд.

Ӯ гуфт, ки чунин зангҳо давоми се рӯзи охир шиддат гирифтаанд:

«Бар иловаи ин, нафаре, ки маро таҳдид ба куштан намуда буд, дирӯз 15.06.2014 соати 9.43, 10.58 ва  11.51 занг зада, худашро муаррифӣ накарда, бори дигар нисбати ман таҳқиру таҳдид кард» — илова намуд журналисти радиои «Имрӯз».

Ёдовар мешавем, ки дашному таҳқир ва таҳдидҳо нисбати Орзу Исоев баъди он сар шуданд, ки тайи се ҳафтаи охир вай дар мавриди кори ширкати «Кюнет» ва роҳҳои  ҷалби  ғайриқонунии шаҳрвандон ба он дар радиои «Имрӯз» барнома  таҳия намуда буд.

Дар барномаҳои ӯ, ҷабрдидаҳои зиёде, ки аз ширкати «Кюнет» зарар дидаанд, бевосита ширкат намуда, аз қаллобию найрангбозиҳои намояндагони ширкати QNet фикру мулоҳизаҳояшонро иброз намуда буданд ва  аз мақомот талаб доштанд, ки нисбати ширкати «Кюнет» чораандешӣ  кунанд.

Дар робита ба зангҳои таҳдидомезу таҳқиромез Орзу Исоев тасмим дорад,  ки имрӯз  ба мақомоти интизомӣ муроҷиат намуда, ҳамаи маълумотҳои дар дасташ бударо ба мақомот пешниҳод намояд.

Шамсулло  Фозилов, МТЖТ

http://faraj.tj/news/5556-ta1203did-ba-orzu-isoev.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *