Ҳаркӣ аз гуфтани сухани ҳақ дар мавриде, ки бояд бигӯяд, хомӯш меистад, шайтони гунг ва безабон аст (Абуалии Даққоқ)
Ҳамла ба дафтари маҷаллаи фаронсавии “Шарлӣ Эбдо” дар Париж, ки 12 кушта барҷой гузошт, амали ғайриинсонӣ ва маҳкумшаванда аст. Чунин амалҳои дур аз инсониву эмонӣ ва динӣ қариб ҳамарӯза дар кишварҳои мусалмонишини Фаластин, Афғонистон, Сурия, Ироқ, Покистон, Сомалӣ, Нигерия рух медиҳад, вале мутаассифона, бархӯрд ва муносибат бо ин амалҳо яксон нест.
Маҷаллаи “Шарлӣ Эбдо” тақрибан 2 солу 4 моҳ пеш бо нашри корикатураи Пайёмбари бузурги Ислом Муҳаммад (с), даст ба нангинтарин амал зад. Ин амали маҷаллаи мазкур як навъ дастдарозӣ ба номуси ду миллиард мусалмон дар тамоми ҷаҳон буд. Мутаассифона, он замон аксар ҳукуматҳое, ки ҳоло амали террористии ахирро маҳкум мекунанд, муҳри хомӯшӣ бар лаб заданд, гуиё чизе рух надода буд.
Он вақт бо ном “мулло”-ву “муфтӣ”-ҳо аз минбарҳошон амали ноҷавонмардона ва ғайриинсонии маҷаллаи “Шарлӣ Эбод”-ро маҳкум накарданд ва ҳарфе ҳам дар ин бора ба забон наёварданд. Роҳбарони давлатҳое, ки худро мусалмон мешуморанд, нота нафиристоданд. Нагуфтанд, муҳтарам журналистон, ин кори шумо амали зишт, палид ва дур аз одобу ахлоқи инсонист. Шумо ба пайёмбаре, ки рукни асосии эмон, эътиқод ва муқаддасоти ду миллиард мусалмони сайёра аст, тавҳин кардед. Ин кори зишт аст ва бояд узр бипурсед. Аммо… Ҳеч чиз нагуфтанд.
Оё тавҳини Муҳаммад (с) амали родикалӣ нест? Оё таҳқири Муҳаммад (с) амали террористӣ нест? Оё корикатура кардани Муҳаммад (с) фитнаи бузург нест? Имрӯз дар ҳама кишварҳои олам таҳқир ба як инсон, чӣ зинда бошад ва чӣ фавткарда, ҷиноят ҳисоб мешавад. Аммо тавҳину таҳқири беҳтарин инсони рӯи замин — пайёмбари Худо Муҳаммад (с) магар амали зишту ҷиноят нест?
Мавзӯъҳои марбута дар шабакаҳои давлатии телевизионии кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ба таври якҷониба инъикос шуда, сабабҳои ин ҳодиса ба мардум фаҳмонида намешавад. Бештари динситезон ва Худобехабарон аз ин фурсат истифода карда, ангушти туҳмату таҳқиро сӯи мусалмонҳо равона мекунанд, ки бубинед, мусалмонҳо бо чӣ корҳо банд ҳастанд ва чи гуна амалҳои зиштро анҷом медиҳанд. Ҳол он ки он чи дар Фаронса ба вуқуъ омад, ба андешаи коршиносон саҳнасозии пурқурбоние ба хотири сиёҳ кардани Ислому мусалмонҳосту бас.
Банда ба ҳеч ваҷҳ аз ин амал хушҳол нестам ва онро маҳкум мекунам, аммо чаро ҳеч кас сабаби ба вуҷуд омадани чунин ҳодисаро шарҳ намедиҳад? Чаро ба мардум решаи ин кор фаҳмонда намешавад? Ё танҳо диндорон ифротгароянд? Ҳамеша дар тули таърих ифротгароҳо ва тундравиҳои дунявӣ ва ғайримазҳабӣ ифротиҳои диниро ба вуҷуд овардааст. Сабаби ҳамин воқеа низ ифротгароҳои бо ном “дунявӣ” буданд.
Ҳазорон кӯдаки фаластинӣ қурбони режими сайҳунистӣ шуд, баъзе давлатдорон, ки худро мусалмон мегӯянд, чизе нагуфтанд. Муфтии Тоҷикистони бо вуҷуди дархостҳо ва навиштани мактуб аз ҷониби як гуруҳ ҷавонон дар ҳаққи фаластиниҳо дуо накард. Вале ҳодисаи Фаронса 24 соат дар таблиғи расонаҳост.
Вақте аз принсипҳои дунявият, ҳамзистӣ ва ваҳдати саросарӣ дар дунё ҳарф мезанем, муносибатамон ҳам бояд бо ин шиорҳо мувофиқ бошад. Барои мо фаронсавиҳо, ироқиҳо, суриягиҳо, амрикоиҳо, русҳову мардумони дигар дар навбати аввал инсон ҳастанд ва ҳеч гуна амали ғайриинсониро алайҳи онҳо, қабул надорему маҳкум мекунем. Онҳо низ дар қиболи мо бояд чунин кунанд ва ба эътиқоду муқаддасоти мо аҷр бигзоранд ё аққалан кордор нашаванд!
Одат шудааст, ки ҳамеша динхоҳонро ба тундгароӣ ва радикалӣ нисбат медиҳанд, вале инсоф бояд кард ва тамоми анвои таасуб ва тундгароӣ, аз ҷумла тундгарои сиёсӣ- давлатиро низ бояд маҳкум кард. Аз тарафи дигар, бояд ёдовар шуд, ки дар бисёр мавридҳо мавқеи радикалии сиёсӣ-давлатӣ дар муқобили дин боиси аксуламал, тундагароии динӣ мегардад. Мутаъсифона бисёриҳо ҳангоми баррасии масъалаи радикализм сабабу иллати онро нодида мегиранд.
Паҳни дубораи корикатураҳои Муҳаммад (с) бисёр кори зишт ва як амали ифротгароёнаи дунявӣ буд. Вақте дар Париж, пойтахти кишваре, ки бо ҳампаймонии кишварҳои ғарбиву Амрико 13 сол дар хоки Афғонистон барои нест кардани терроризм мубориза бурд, амали террористӣ анҷом мешавад, бояд аз худи Фаронса пурсид, ки дар ин 13 сол чи кор карданд? Ё онҳо (террористон)-ро аз лонаҳояшон ба маркази кишварҳояшон бурданд?
Ба таҳқири Муҳаммад (с) ва мусалмонҳо хотима диҳед. Онҳо ҳеч мушкилие бо шумо ва олам надоранд. Аз онҳое, ки ба инъикос ва навиштани ин мавзӯъҳо даст мезананд, ҳамчун як мусалмон хоҳиш мекунам, ҳадду марзро бишиносанд. Агар дунболи сиёсатҳои Ғарб ҳастед, бидуни таҳқири Муҳаммад (с) ва пайравонаш ин корро анҷом бидиҳед.
Ба ҳеч далел душманӣ бо Ислому мусалмонҳо боиси пешрафт намешавад. Танҳо ҳамзистӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтирому риояи ҳуқуқи ҳамдигар сабаби пешрафт мегардад. Пас, оё фурсате нарасида, ки ба ин арзишҳо авлавият дода шавад?
Далер ШАРИФОВ
http://www.ozodagon.com/19602-tairi-muammad-s-badtar-az-amali-terrorist-ast.html