Тақдими ҷоизаҳо ба беҳтарин рӯзноманигорони бахши муҳити зист

Бо шиори шинохта «Бо рафтори нек ва кирдори нек шинохта шав», лоиҳаи КЛИМАДАПТ, воситаи маблағгузории технологияи сабз барои Тоҷикистон, тақдими ҷоизаҳоро ба беҳтарин рӯзноманигор дар соҳаи муҳити зист дар Тоҷикистон ташкил намуд.

Дар маросим дар шаҳри Душанбе, мукофотҳо дар категорияҳои зерин дода шуданд:

•          Беҳтарин мақола дар нашрия: ба Сайфидин Сунатов, барои нашри мақола дар рӯзномаи “Садои Мардум”, ки яке аз рузномахои машҳур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад;

•          Беҳтарин мақола дар сомонаи интернет: ба Номвар Қурбонов, ки мақолаи худро дар сомонаи www.ravshanfikr.tj, ки байни олимони ҷавон ва ӽавасмандони илм шуҳрати зиёд дорад;

•          Беҳтарин фарогирӣ дар телевизион: ба Дилбар Ҳоҷаева, барои тайёр намудани барономаи «Мо аз Суғдиён» дар телевизиони Суғд, ки яке аз телевизиони пешбар дар Тоҷикистон ба шумор меравад.

Чаҳор нафар аз иштирокчиён барои мусоидат дар пешбурди мавзӯи устуворӣ ба тағирёбии иқлим соҳиби сипоснома гардиданд.

Ин озмун аввалин маротиба дар доираи лоиҳаи КЛИМАДАПТ ташкил карда шуд, ки ба устувории сектори хусусии кишвар ба тағирёбии иқлим, равона карда шудааст.

Лоиҳаи КЛИМАДАПТ моҳи феврали соли 2016 оғоз шуда ҳаҷми қарзҳои пешниҳодшудааш 10 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Барномаи мазкур ташаббуси пилотӣ буда, барои мусоидат ба дастрасии технологияҳои устувор ба тағйирёбии иқлим беҳтарсозии истифодаи об, энергия ва замин дар Тоҷикистон, равона карда шудааст.

Қарзҳо тавассути бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии хурд барои баҳбардорони лоиҳа истифода мешавад. Кӯмаки техникӣ дар доираи барнома аз ҳисоби маблағҳои донорҳo аз ҷониби ҳукумати Британияи Кабир ва донори бисёрҷонибаи Хазинаи БАТР барои Кишварҳои дар Марҳилаи Ибтидоии Гузариш* (Early Transition Countries Fund*), маблағгузорӣ шудааст.

Тоҷикистон яке аз кишварҳои ба таъсири тағйирёбии иқлим осебпазир ба ҳисоб меравад. Истеҳсоли беш аз 90 фоизи нерӯи барқ аз гидроэнергетика вобаста аст. Иқтисоди кишвар аз истифодаи захираҳои об, энергия ва замин вобастагии зиёд дорад. Ин маънои онро дорад, ки деҳқонон аз дастрасӣ ба об танқисӣ мекашанд ва мушкилотҳо вобаста ба эрозияи хок доранд.

Дар маҷмӯъ, беш аз 60 корҳои озмунӣ аз рӯзноманигорон аз тамоми кишварҳо гирифта шудааст. Мақолаҳои мазкур масъалахои марбут ба таъсири тағйирёбии иқлимро дар раванди паст кардани таъсири он, бо истифодабари аз технологияҳои саммасрафи барқӣ ва обӣ, ки аз тарафи лоиҳаи КЛИМАДАПТ дастгирӣ карда мешаванд, инъикос менамоянд.

«Олими ҷавон дар бораи маҳорати иртибот бо табиатро меомӯзад ва таълим медиҳад», мақолаи Дилбар Хоҷаева буда дар он ҳикояи илҳомбахш дар бораи деҳқонони инноватсионӣ, ки системаи обёрии қатравиро барои сарфаи об ва барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ ҷорӣ намудаанд, омадаст.

«Нахустин гармхона», — мақолаи Камари Аҳрор буда, он оиди роҳҳои баланд намудани ҳосилхезии хок ва афзоиши ҳосил бо насб кардани гармхонаҳои замонавӣ шинос менамояд.

«Лоиҳаи КЛИМАДАПТ — нигоҳдорӣ ва фоидаи он», ки аз ҷониби Лола Қосимова омода шудааст, оиди тарзи дароз намудани мӯҳлати нигоҳдории ҳосил барои фурӯши он дар мавсим, аз ҷониби деҳқонон, тавассути сармоягузорӣ ба сардхонаӽо, маълумот медиҳад.

То ба имрӯз, воситаи маблағгузории БАТР дар маҷмӯъ ба 127 шарикони молиявии лоиҳа дар 25 мамлакати олам дар бар гирифтааст.

* Хазинаи БАТР барои Кишварҳои дар Марҳилаи Ибтидоии Гузариш – ин воситаи маблағгузориест, ки Канада, Финляндия, Олмон, Ирландия, Ҷопон, Корея, Люксембург, Нидерландия, Норвегия, Испания, Шветсия, Швейтсария, Тайбей Чин ва Британияи Кабирро дар бар мегирад.

https://news.tj/tj/news/tajikistan/society/20180219/tadimi-oizao-ba-betarin-rznomanigoroni-bahshi-muiti-zist

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *