Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи раҳбарии бархе аз расонаҳои ҳукуматӣ тағйиротӣ кадрӣ кардааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президент, Айниддин Самариддин муовини роҳбари Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудааст. Ӯ то ин вақт дар вазифаи директори Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон кор мекард.
Ба ҷои ӯ Сӯҳроб Рауфов, ки дар вазифаи директори шабакаи “Ҷаҳоннамо” буд, директори шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон таъин кардаанд.
Инчунин, Самаруддин Асоев, муовини аввали сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷумҳурият”, Сангмамадова Моҳира Пайшанбеевна муовини сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷумҳурият”, Назаров Умед Абдураҳимович муовини аввали директори муассисаи давлатии “Ҷаҳоннамо” ва Каримов Бахтовар Абдураҳимович, ки то ин вақт сармуҳаррири радиои Садои Душанбе буд, сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” таъин гардиданд.
Мирзоҷалолов Атохоҷа Мирхоҷаевич бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷумҳурият” озод карда шуд. Расулӣ Хайринисо бо сабаби расидан ба синни нафақа аз вазифаи муовини сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷумҳурият” рухсат дода шуд.