Сухани рӯбарӯ заҳр надорад…

Муҳибуллоҳ Қурбон, рӯзноманигор

 

 

nahzat.tj

 

Чаро муҳтарам Президент Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев, шахсони Аввалу Дувуми кишвар, нишастҳои матбуотӣ намегузаронанд?

Вазирону раисони кумитаҳо соле ду бор дар назди рӯзноманигорон ҳисобот медиҳанд, аммо ба суолҳои кунҷкобонаи қаламбадастон на ҳамаи курсинишинон посух гуфта метавонанд.

Ёд дорам, собиқ вазири нақлиёт Олим Бобоев ба суоли “Соҳиби воқеии IRS кист?” ҷавоб дода натавонист ва вазири баъдии ин соҳа низ ҳарфи рушане нагуфт ва гуфта ҳам наметавонад.  Агар гӯяд, мисли акаи Бек Зуҳуров бо ибораи “тири шикорчие аз ноҳияи Ваҳдат кабелро канда, иртиботро ба Бадахшон қатъ кардааст” хандахариши мардум мешавад.

Шояд он вазирон надонанд, ки соҳиби пулчинакҳо кист, бинобарин худ аз худ суолҳо муаллақ боқӣ мемонанд.

Ман танҳо як мисол задам. Чунин суолҳое, ки ашхоси аз Якуму Дувум поёнтар ба онҳо ҷавоб дода наметавонанд, дурусттараш посухи он пурсишҳо барояшон гарон меафтад, кам нестанд.

Чӣ шавад, вазиру раиси кумитаҳо, ҳатто барои ШАХСИ САВУМУ ЧОРУМ ҳам ба суолҳои рӯзноманигорон ҷавоб додан зӯр меояд.

Се моҳ қабл ман аз ШАХСИ САВУМ хоҳиш карда будам, ба ШАХСИ ЯКУМ масъалаи давлатӣ кунонидани роҳи пулакӣ ва саҳм гузоштани мардум дар пардохти суди қарзи Тоҷикистон аз Чинро, ки барои бунёди ин шоҳроҳҳо гирифта шуда буд, расонанд, лекин то имрӯз ман намедонам, ШАХСИ САВУМ ба ШАХСИ ЯКУМ он масъаларо расониданд ё на. Зеро эҳсос мекунам, савол гарон…

Бинобарин табиист, ки посухи ин гуна суолҳо аз мақомоти болотар бояд шунида шавад.

Президент сафарҳои расмиву ғайрирасмии зиёд доранд, бо мардум ҳам зуд — зуд мулоқот мегузаронанд, вале боиси афсӯс аст, ки дар бист соли охир, яъне, аз рӯзе, ки сари мансаб омаданд, ман ёд надорам, ки бевосита, бе суолҳои пешакӣ таҳияшуда, яъне, як нишасти озод бо рӯзноманигорони тоҷикистонӣ саволу ҷавоб карда бошанд.

Баръакс, дар хотирам монда, ки Президенти Тоҷикистон дар Тоҷикистон чанд бор бо мухбирони хориҷӣ мулоқот доштанд ва дар хориҷи кишвар, ки конфронсҳои матбуотӣ дар таркиби он сафарҳо ҳастанд, ба суолҳои журналистон посух гуфтанд.

Ба андешаи ман ақаллан соле як бор вохӯрии озоди Президент бо рӯзноманигорон ташкил шавад, ба манфиати тарафайн аст.

Чаро?

Барои он ки чи тавре халқ мегӯяд, сухан аз забони Луқмон хуш аст. Ва чун ба пурсишҳо аз забони Фарди аввал посух мешунавед, даҳҳо овозаву гумон дар бораи мансубияти ин ё он корхона ба оила, имтиёзҳои онҳо  худ аз худ бардошта мешаванд. Ва шояд шумораи мактубҳои шикоятӣ ҳам ба номи Президент камтар равад.

Ҳамин хел шудааст, ки баъзеҳо аз номи баланд суъистифода мекунанд.  Ба наздикӣ дар як ноҳияи дури вилояти Суғд будам.  Чун мошини кироя, ки дар он менишастем, аз шафати  корхонае, ки фаъолият дошт, мегузашт, ронанда гуфт, ки ин користон азони духтари ё домоди фалонча аст.  Пурсидам, аз куҷо медонад.  Мардум мегӯяд, буд посухи ронанда.

Бале, баъзеҳо барқасд чунин овозаҳоро дар бораи мансубияти ин ё он користон паҳн мекунанд ва чун мардум ҳам дар ҳақиқат бевосита аз роҳбарияти баландпоя дар ин хусус шарҳе нашунидааст, бовар мекунад, ки оилае то охирин коргоҳи судоварро азхуд кардааст.

Яке аз заминаҳои асосии паҳн шудани чунин овозаҳо ин ба рӯзноманигорон дастрас набудани Президент аст.

Бубинед, Президенти Русия Владимир Путин ва ҳатто сарвазир Дмитрий Медведев ҳатман соле як ё ду бор бо рӯзноманигорони ҳам дохиливу ҳам беруна рӯбарӯ менишинанд ва ин нишаст ба таври мустақим пахш мешавад ва камаш се – чор соат давом мекунад.

Ва чун радду бадали Владимир Путинро бо рӯзноманигорон тамошо мекунам, ҳавасам меояд, ки чаро Президенти мо ин корро намекунанд.

Бо рӯзноманигорон ақаллан соле як бор бо ҳам омада, шунидани афкори онҳо дар бораи худ ва атрофиён танҳо ба манфиати кор аст. Албатта, гоҳе фикрҳо талх мебароянд, вале онҳо ҳам мисли ҳаб манфиатоваранд ва сухани рӯбарӯ гуфта заҳр надорад.

Охир, бист сол шуд, ки рӯзноманигорон интизори ин нишастанд.

Шояд ба ин суол котиби матбуотии Президент муҳтарам Абдуфаттоҳ Шарифзода посух гӯяд?

http://www.nahzat.tj/1/item/7562-sukhani-rubaru-zahr-nadorad

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *