Суди иқтисодӣ ва суди ҳарбии шаҳри Душанбе даъвои Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон баррасӣ накарданд.
Дар ин бора сомонаи расмии ҲНИТ иттилоъ дод.
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон моҳи гузашта алайҳи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи теливизион ва радио, теливизонҳои давлатии “Шабакаи аввал”, “Сафина” ва Маҳмадулло Холов, як шаҳрванди кишвар, ки бо корти тақаллубии ҲНИТ тавассути шабакаҳои телевизионӣ аз таҷовуз намудани духтарандаронаш хабар дод ва худро узви ҲНИТ гуфт, ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ шикоят бурда буд.
Зарафо Раҳмонӣ, мушовири ҳуқуқии раиси ҲНИТ гуфтааст, додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар ҷавоб ба аризаи ҳизб таъйнот баровард, то ҷиҳати ҳалли ин масъала ба додгоҳҳои иқтисодӣ ва ҳарбӣ муроҷиат намоянд.
Аммо додгоҳи иқтисодӣ бо далели он ки қазия ҷанбаи иқтисодӣ надорад, ба аризаи ҲНИТ ҷавоби рад додааст.
Дар ҳамин ҳол, дар таъйиноти додгоҳи ҳарбии шаҳри Душанбе гуфта мешавад, “аризаи даъвогии ҲНИТ нисбати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Холов Маҳмадулло, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии телевизиони “Сафина” ва Телевизиони давлатии “Шабакаи аввал” оид ба уҳдадор ва қатъ намудани фаъолият ва тарғиботи зиддиҳизбӣ, инчунин водор намудани ҷавобгарон барои интишори раддия ба даъвогар баргардонида шавад”.
Додгоҳи ҳарбии Душанбе бо истидлол аз моддаҳои 21 — и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма” ва қисми 1-и моддаи 138, КМГ-и кишвар бинобар талош накардани ҲНИТ ҷиҳати ҳалли ғайрисудии қазия иддаои ҳизбро баррасӣ накардааст.
Ин дар ҳолест, ки Зарафо Раҳмонӣ мегӯяд, ҳизб баъди омӯзиши пурраи масъала бори дигар тасмими шикоят бурдан ба зинаҳои болоии додгоҳиро хоҳад гирифт.
http://tojnews.org/sudi-igtisodiyu-harbi-davoi-hnitri-ba-barrasi-nagiriftand