Имрӯз намояндаи вижаи СММ бо Зумрад Абдуллозода, сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД масоили озодии матбуот ва амнияти шаҳрвандонро баррасӣ карданд.
Дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар ин мулоқот ҷонибҳо масоили вазъи озодии сухан, риояи ҳуқуқи инсон, муносибат нисбати Васоити ахбори оммаро баррасӣ карданд.
Дафтари матбуоти ВКД дар пасмазари ин мулоқот навиштааст:“Вазорати корҳои дохилӣ бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои зич бо ҷомеа, амнияти шаҳрвандон, сулҳу субот дар ҷумҳурӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, инъикоси хабару ҳодисаҳои марбут ба фаъолияти мақомот, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дар якҷоягӣ бо дигар мақомотҳои марбутаи кишвар як қатор корҳои муайянро ба анҷом расонида, тамоми чораҳои заруриро дар ин самт меандешад”.
Ёдовар мешавем, ки Дэвид Кайе, гузоришгари вижаи Созмони Миллали Муттаҳид бо сафари якҳафтаина вориди шаҳри Душанбе шудааст ва бо мақомоти Тоҷикистон ва фаъъолони ҷомеаи шаҳрвандб мулоқот ва вохурӣ хоҳад гузаронд.
Ҳоло ӯ бо намоядагони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ва Акрамшо Филалиев, муовини раиси Маҷлиси намояндагон мулоқот кардааст.
http://www.pressa.tj/article/sukhbati-kaye-bo-abdullozoda-dar-bori-vazi-ozodi-matbuot