Барои инъикоси ҷараёни баргузории Фестивали «Гулҳо» ва «Оши палав», ки қарор аст, бегоҳи имрӯз 16 -уми июн дар маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» баргузор гардад, наздик ба 70 нафар журналистону хабарнигорони дохиливу хориҷӣ даъват шудаанд.
Дар ин бора, ба хабарнигори Faraj.tj аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, ин фестивал аз ҷониби хабарнигорони Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон, шабакаи иттилоотии Ҷаҳоннамо, ТВ Сафина, СТВ, АМИТ Ховар, МТРК МИР, ВВС, IWPR, ОРТ, РИА Новости, Internews, Садои Хуросон, ШТР СМ-1, ШТР Азия, ШТР Танин, Азия-плюс, Авеста, Озодӣ, рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Ҳақиқати Суғд», «Согдийская правда», «Суғд ҳақиқати», «Тоҷикистон», «Фараж» инъикос меёбанд.
Ҳамчунин дар фестивал журналистони ҷумҳуриҳои Қазоқистону Қирғизистон, ки барои инъикоси ин фестивал ба вилояти Суғд ташриф овардаанд, иштирок менамоянд, — афзуд манбаъ.