18-уми март дар шаҳри Хуҷанд, журналисти собиқи Бахши тоҷикии Радиои «Озодӣ» Алишер Аҳмадов бар асари бемории қалб, дар сини 59-солагӣ аз олам даргузашт.
Алишер Аҳмадов 30-юми июни соли 1954 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Солиёни дароз дар замони Шўравӣ дар рўзномаи «Совет Тоҷикистони» фаъолият кардааст.
Дар замони истиқлолият фаъолияташро дар ин рўзнома, ки бо номи «Халқ овози» нашр мешавад, идома дод.
Ҳудуди 25 сол дар ин нашрия фаъолият карда, даҳ соли ахири фаъолияташ дар ин нашрия ба ҳайси хабарнигори минтақаӣ дар вилояти Суғд буд.
Солҳои ахир дар Бахши тоҷики Радиои «Озодӣ» кор мекард ва аз вилояти Суғд гузориш менавишт.
Аз соли 1984 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошад. Аълочии матбуоти Тоҷикистон эътироф шудааст.
Дар назар аст маросими видоъ бо марҳум Алишер Аҳмадов пагоҳ 19-уми март дар шаҳри Хуҷанд баргузор шавад.
Ҳайати эҷодии Ожонси иттилоотии TojNews ва ҳафтаномаи «Нигоҳ» ба назикони марҳум изҳори ҳамдарӣ намуда, сабри ҷамил таманно доранд.
http://www.tojnews.tj/darguzashti-jurnalisti-sobiqi-radioi-ozodi-sughd