Ҳафтаномаи СССР дар якҷоягӣ бо ҳукумати ноҳияи Восеъ Санги марқад ва лавҳи ёдгории Шарифи Мисайзод, рӯзноманигори тоҷикро таҳия намудаанд.
Дар ин бора Сайёфи Мизроб, сармуҳаррири ҳафтаномаи СССР дар саҳфаи Фейсбукиаш иттилоъ дода мегӯяд, Санги марқад ва лавҳи ёдгории марҳум дар даромадгоҳи мактабе, ки таҳсил мекард, таҳия гардидааст.
Бино ба гуфтаи ӯ, болои санги марқад чанд мисраъ аз эҷодиёти дӯсти Шариф Мисайзод-Муҳиддин Пайшамбиев ҳаккокӣ хоҳад шуд:
З-ин хок бирӯяд одами поки бузург,
Ин хоки бузург дорад идроки бузург.
Дар батни шарифи худ нигаҳ дор Шариф,
Ин пораи ҷисми хурд, эй хоки бузург.
Инчунин, «солҳои 1973-1983 дар ин мактаб шоири тавоно ва журналисти варзида, барандаи ҷоизаи ИЖТ ба номи А. Лоҳутӣ таҳсил кардааст»,-хоҳад омад дар болои Санги марқади рӯзноманигори варзида Шариф Мисайзод.
«Сангу Лавҳа дар рӯзи зодрӯзи шоир, 06.01.2016 дар деҳаи Пушёни ноҳияи Восеъ насб мешаванд»,-менависад дар саҳфаи Фейсбукиаш сардабири ҳафтаномаи СССР.