[b]Раиси Маркази мутолеъоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ки мақомоти амниятӣ қабл аз боздошти хабарнигори Би-би-сӣ бояд пайёмадҳои ин амалро андеша мекарданд.[/b]
Сӯҳроб Шарипов, раиси ин марказ рӯзи панҷшанбеи 14 июл дар як нишасти матбуъотӣ фаъолияти мақомоти амниятӣ ва вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар қиболи қазияи боздошти Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ дар шаҳри Хуҷандро шадидан интиқод кард.
Вай гуфт:“Ҳар як корманди амният бояд оқибати ҳар корро андеша кунад. Оё сатҳи хатари кори ин хабарнигор ба амнияти Тоҷикистон ва пайёмадҳои боздошти вай ба Тоҷикистон баробар ҳастанд? Аз ин кор мо чӣ ба даст овардем?”
Сӯҳроб Шарипов таъкид кард, ки боздошти оқои Усмонов дуруст баъд аз чанд рӯзи анҷоми сафари “хеле ҷиддии” Президент Раҳмон ба кишварҳои урупоӣ сурат гирифт. Ҳадафи ин сафар тақвияти ҳамкориҳои миёни кишварҳои Иттиҳодияи Урупо ва Тоҷикистон арзёбӣ шуда буд.
[b]Пешниҳоди имтиҳон барои кормандони амниятӣ[/b]
Оқои Шарипов афзуд: “Аммо баъд аз анҷои ин сафар ҳамаи ниҳодҳои урупоӣ нисбати Тоҷикистон нигарониҳои худро изҳор доштанд. Охир, ин корҳо чунин набояд бошанд. Шояд, аттестатсияи кормандони низоми амниятӣ гузаронида шавад. Дар он ҷо чӣ кодрҳое кор мекунанд ва ба чӣ машғуланд онҳо?”
Раиси Маркази мутолеъоти Тоҷикистон, ки як ниҳоди вобаста ба раёсати ҷумҳурӣ аст, мегӯяд нуфузи давлат, ки “бо заҳмати ҳарсоъатаи президент ба даст меояд, дар як дам барбод додан чӣ маънӣ дорад?”
Оқои Шарипов мӯътақид аст, ки ҳар як фарди муҷрим бояд муҷозот шавад, вале “бояд вазни ҷионятро бубинем, пайёмадҳои онро андеша кунем ва нигоҳ кардан даркор, ки бо кӣ сару кор дорем.”
Ба эътиқоди оқои Шарипов, таваҷҷӯҳи ҷиддии раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба ин қазия аз он гувоҳӣ медиҳад, ки “ин кор сиёсӣ шудааст. Ҷаноби Олӣ (Президент Раҳмон) дида истодаанд, ки баъзе омилҳое вуҷуд доранд ва маълум аст, ки мумкин аст баъзе сохторҳои моро бозӣ доронанд.”
[b]Интиқод аз сукути вазорати хориҷа[/b]
Раиси маркази мутолеъоти Тоҷикистон ҳамчунин аз фаъолияти вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дар мавриди қазияи Ӯрунбой Усмонов интиқод кард ва гуфт, ки ин ниҳод бояд фаъолияти “ҷиддитаре дар ин замина анҷом медод”.
Оқои Шарипов афзуд: “Вақте суфарои кишварҳои хориҷӣ ба ҳукумати Тоҷикистон нотаҳо баён мекунанд, бо онҳо кумитаи амнияти миллӣ набояд кор кунад. Бо онҳо бояд вазорати умури хориҷа кор кунад, сафирҳоро ҷамъ кунад ва ба онҳо корҳое, ки амалӣ мешаванд, фаҳмонанд. Вале, вазорат хап аст. Ин чӣ гап аст?”
Сӯҳроб Шарипов бар ин бовар аст, ки агар вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба мавқеъ суфарои кишварҳои хориҷиро аз раванди ин қазия огоҳ месохт, шояд мизони “фишорҳои сиёсӣ” пойин мерафт.
Зимнан, Сӯҳроб Шарипов нахустин мақоми давлатист, ки дар қиболи боздошти Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ дар шаҳри Хуҷанд изҳори назар мекунад.
Ҳарчанд, рӯзи сешанбеи 12 июл Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон низ дар як нишасти матбуъотӣ дар бораи боздошти оқои Усмонов хабарҳое ироа кард.
Вай аз ҷумла гуфт, таҳқиқи парвандаи Ӯрунбой Усмонов анҷом ёфта ва ба додситонӣ ироа шудааст ва Додситонии кул бояд дар ин замина ба Президент Раҳмон гузориш бидиҳад.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Раҳматулло Зойиров, ҳуқуқдони тоҷик ва раиси Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон дар мусоҳибае бо нашрияи “ASIA-Plus” боздошти хабарнигори Би-би-сӣ дар шимоли кишварро “сиёсӣ ва суфоришӣ” арзёбӣ кард.
Ба эътиқоди вай, натоиҷи таҳқиқоти муқаддамотии парвандаи Ӯрунбой Усмонов собит месозад, ки маъмурони амниятӣ барои боздошти ин хабарнигорӣ Би-би-сӣ далоили кофӣ надоштанд ва ин амр бозгӯйи “иҷрои ғайриҳирфаии супориш” аст.
[b]CPJ: «Журнолизмро ҷурм маҳсуб надонед»[/b]
Кумитаи Дифоъ аз Хабарнигорон муҷададдан аз давлати Тоҷикистон хостааст, ки хабарнигори боздоштшудаи Би-би-сӣ сареъан озод шавад.
Баёнияи тозаи ин кумитаи байналмиллалӣ аз давлати Тоҷикистон ҳамчунин хостааст, ки аз иттиҳомоти марбут ба «нарасондани иттилоъ», ки алайҳи Ӯрунбой Усмонов ворид шудааст, даст кашад.
Кумитаи Дифоъ аз Хабарнигорон, ки мақараш дар Омрикост, дар баёнияи тозаи худ, ки шоми рӯзи чаҳоршанбе, 13 июл мунташир шудааст, иддаъо дорад, ки чунин иттиҳомот алайҳи хабарнигор ангезаи сиёсӣ дорад.
Роберт Мехонӣ, муъовини раиси Кумитаи Дифоъ аз Хабарнигорон гуфтааст, ик чунин амал дар воқеъ ҷурм донистани худи журнолизм аст. Дар баёния мехонем: «Ба ин далел, мо тақозо дорем, ки давлати Тоҷикистон аз ин иттиҳом алайҳи Усмонов даст кашад ва ӯро сареъан озод кунад.”
Кумитаи Дифоъ аз Хабарнигорон ҳамчунин аз изҳороти тозаи сервиси ҷаҳонии Би-би-сӣ, ки рӯзи чаҳоршанбеи 13 июл интишор шуд, ёдовар шудааст.
Кумитаи Дифоъ аз Хабарнигорон бо такя ба ин манбаъ таъкид кардааст, ки иттиҳомоти марбут ба иртиботи хабарнигори Би-би-сӣ бо Ҳизби Таҳрирро бепоя медонад, зеро мулоқот ва мусоҳиба бо афроди мухталиф ҷузъе аз фаъолиятҳои ҳар хабарнигори Би-би-сӣ маҳсуб мешавад.
Зимнан, рӯзи сешанбеи 12 июл Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон дар як нишасти матбуъотӣ хабар дод, ки таҳқиқи парвандаи оқои Усмонов поён ёфта ва ин парванда ба додситонии вилояти Суғд ирсол шудааст.
Ҳамчунин вай изҳор дошт, ки Додситонии кулли Тоҷикистон аз натоиҷи ин қазия ба Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур, гузориш хоҳад дод.
Дар ҳамин ҳол, хабарнигорон ва мудирони бахшҳои мухталифи Би-би-сӣ рӯзи чаҳоршанбеи 13 июл барои чаҳорумин бор дар назди сохтмони Сервиси ҷаҳонии Би-би-сӣ дар Ландан ҳамоише эътирозӣ дар иртибот бо боздошти Ӯрунбой Усмонов барпо карданд.
Ӯрунбой Усмонов рӯзи 13 июн аз ҷониби кормандони пулис ва амниятӣ дар шимоли Тоҷикистон ба иттиҳоми доштани иртибот бо Ҳизби Таҳрир, як гурӯҳи исломгаро, ки фаъолияташ дар кишварҳои Осиёи Миёна мамнӯъ аст, боздошт шуд.
Мақомҳои амниятии Тоҷикситон ӯро ба доштани иртибот бо Ҳизби Таҳрир муттаҳам карда ва мегӯянд, ки боздошти оқои Усмонов ба фаъолиятҳои хабарнигорияш иртибот надорад.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон пештар хабар дода буданд, ки оқои Усмонов «тавассути Би-би-сӣ ва Озодӣ таблиғи ормонҳои Ҳизби Таҳрир кардааст.»
Худи Ӯрунбой Усмонов, аҳли хонаводааш ва шабакаи хабарии Би-би-сӣ мукарраран ба бегуноҳ будани ӯ таъкид кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, ҳама гуна ҳаракот ва аъмоли ӯ дар чорчӯби фаъолиятҳои хабарнигориаш сурат гирифтааст.
Аз замони боздошти оқои Усмонов то ба имрӯз чанде аз созмонҳои байналмилалӣ, сафоратхонаҳои ғарбӣ ва созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи хабарнигорон бо судури баёнияҳое хостори озодии вай шудаанд.
Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/07/110714_if_urunbay.shtml