Созмонҳои хабарнигорӣ: “Танқид таҳқир нест”

[b]Хабарнигорон ва созмонҳои хабарнигории Тоҷикистон аз Додгоҳи олии Тоҷикистон хостаанд, то дар мавриди мусаввабааш дар заминаи ҳимоят аз шаъну шараф, эътибор ва ҳайсияти корӣ таҷдиди назар кунад.[/b]

Ин мусавваба, ки дар 4 юни соли 1992 дар ҷаласаи умумии Додгоҳи олӣ тасвиб шуда буд, то ҳоло дастури кори додгоҳҳои кишвар ба ҳангоми баррасии қазияҳои расонаҳо аст.

Дар як мизи гирд дар шаҳри Душанбе дар рӯзи ҷумъаи 8 июн, таъкид шуд, ки ин мусавваба кӯҳна шуда ва ба қавонини Тоҷикистону меъёрҳои байналмилалӣ мувофиқат намекунад.

Тоҳир Қодиров, як масъули Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфт, ин ниҳод омода аст дар сурати ислоҳи қавонини марбут, бахусус, Қонуни “Матбуъот ва дигар васоити ахбори омма” дар мусаввабаи ҳимоят аз шаъну шараф, эътибор ва ҳайсияти корӣ низ тағйирот ворид кунанд.

Ба гуфтаи Абдураҳмон Шарифов, корманди созмони “маркази мустақили дифоъ аз ҳуқуқи башар”-и Тоҷикистон, дар тайи яку ним соли ахир дар ин кишвар 6 қазияи додгоҳи алайҳи 8 расонаи мустақил сабт шудааст, ки мизони ғароматҳо дар ин даъвоҳои додгоҳӣ ҳудуди 1 милюн 900 ҳашзор дулори омрикоиро ташкил додааст.

Оқои Шарифов гуфт, мавориди таъқиби журнолистон барои матолиби интиқодӣ ба мушоҳида расида ва алайҳи се хабарнигор барои фаъолияти касбӣ парвандаи ҷинойӣ боз шудааст.

Ба эътиқоди Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, даъвоҳои додгоҳӣ дар қиболи хабарнигорон ва расонаҳо ба эътибори қувваи қазоӣ ва давлати Тоҷикистон латма ворид хоҳад кард.

Гуфта мешавад, дар бештари маворид интиқоди мақомоти давлатӣ аз ҷониби масъулони давлатӣ ҳамчун таҳқир ё хатшачадор кардани шаъну шарафи онҳо арзёбӣ шуда ва амнояндагони васоили ахбори умум ба додгоҳ кашонда мешавад.

Афзун бар ин, Набӣ Юсуфов, раиси созмони машваратии “Медиаконсалтинг” таъкид кард, ки умдатан мизони маболиғи даъвоҳои додгоҳӣ ба рсонаҳо ё хабарнигорон болиғ ба 1 милюн сомониро ташкил медиҳад.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ӯ, гардиши солонаи нашрияҳои мустақил аз 150 то 300 ҳазор сомонӣ будааст.

Оқои Юсуф мӯътақид аст, ки ҳадаф аз чунин маболиғи бузурги даъвои додгоҳӣ комилан варшикаста кардани нашрияҳои мустақил аст, ки дар бораи мушкилоти иқтисодии кишвар ё фасод дар сохторҳои давлатӣ матолиби интиқодӣ мунташир мекунанд.

Дар ин ҳамоиш аз қазияи додгоҳии нашрияи мустақили “Пайкон” бо муассисаи давлатии “Тоҷикстандарт” ёдоварӣ шуд, ки додгоҳи ноҳияи Фирдавии шаҳри Душанбе “Пайкон”-ро муваззаф кард, то ба “Тоҷикстандарт” “барои интиқоди нодуруст ва ворид кардани хисороти маънавӣ” ба миқдори 300 ҳазор сомонӣ ғаромат пардохт кунад.

Ин амр ба баста шудани нашрияи “Пайкон” мунҷар шуда ва мумкин аст, ин хатар ба нашрияҳои мустақили дигар низ таҳдид кунад.

Хабарнигорон ва раҳбарони расонаҳои мустақили Тоҷикистон аз ниҳодҳои қазоии Тоҷикистон хостанд, ба ҳангоми баррасии қазияҳои расонаҳо ё хабарнигорон имкони молии онҳоро ба назар гиранд.

Ҳамчунин, ашхос ё ниҳодҳои даъвогар чун дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ба ҳангоми пешниҳод кардани даъвои додгоҳӣ бояд ба миқдори ҳаддиақал 2 дар сади маболиғи даъво боҷи давлатӣ пардохт кунанд.

Масалан, агар маблағи даъво 1 милюн сомонӣ буд, даъвогарро лозим аст ба миқдори 20 ҳазор сомонӣ боҷи давлатӣ пардохт кунад.

Ба эътиқоди Иноят Иноятов, вакили мудофеъ, дар ин сурат мумкин аст, шумораи даъвоҳои додгоҳӣ дар қиболи расонаҳо ва хабарнигорони мустақил коҳиш ёбад.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/07/110708_mm_supreme_court_pressa.shtml

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *