Сомонаи «Мавҷи озод» аз нав фаъол шуд

Сомонаи «Мавҷи озод» ахиран фаъолияти худро дар баробари дигар сомонаҳои хабарӣ ҷоннок кард.

Роҳбари сомонаи «Мавҷи Озод» Рустам Буриев дар сӯҳбат ба «Матрица» гуфт, ки сомонаро ҳанӯз соли 2012 таъсис дода будаанд, вале аз сабаби  нарасидани мутахассисони соҳаи техналогия аз фаъолият монд:

«Сабаби фаъолият накардани сомона дар он буд, ки дар минтақа мутахассисони соҳаи интернет надоштем. Чи тавре мегӯянд барои омода намудани як мутахассис маблағ лозим меояд. Аз ин рӯ маблағи зарурӣ ҳам надоштем, то як мутахассисро дар ин соҳа омода намоем. Мушкилии мо ҳамин буд».

Сомонаи «Мавҷи Озод», хабарӣ-иҷтимоӣ буда, ба телевизиони минтақавии «Мавҷи Озод» таалуқ дорад. Ягона сомонаи иттилоотии телевизиони минтақавии ноҳияи Восеъ «Мавҷи озод» мебошад, ки бо хабару гузошришҳояш вориди майдони шабакаи Интернетӣ гашт.

-Маҳз ба ҳамин хотир, аз ташкилоти байналмилалӣ «Интернюс Нетворк» кӯмак хостем, то ин ки барои фаъол намудани сомонаи «Мавҷи Озод» расидагӣ намояд. Муроҷиати мо аз ҷониби ташкилоти байналмилалии «Интернюс Нетворк» дар Тоҷикистон пазируфта шуд. Айни замон болои сомонаи «Мавҷи Озод» кор карда истодааем, -мегӯяд Рустам Буриев.

Ҳоло дар сомона мутахассисони ҷавон ҷалб карда шудаанд, ки фаъолона кор карда истодаанд. Раҳбари сомонаи «Мавҷи озод» мегӯяд, ки ҳарчанд истифода бо техналогияи нав барои мо мушкил бошад ҳам ҷавонон имрӯз аз ӯҳдаи кор бо интернет, баромада истодаанд.

Айни замон ТВ “Мавҷи Озод”  ҳудуди 300 ҳазор тамошобинро дар  ноҳияи Восеъ, қисман минтақаҳои Ховалинг, Шӯробод, Фархор, Ҳамадонӣ ва Темурмалик, ки дар доираи намоиши мавҷ ҷойгир мебошанд, дар бар мегирад.

Бояд қайд кард, ки ТВ “Мавҷи Озод” барои бештар ҷалб намудани тамошобинон тасмим гирифт, дар шабакаи умумиҷаҳонӣ Youtube, саҳифаи худро боз намуда, барномаҳояшро бо забони тоҷикӣ дар он ҷой диҳад.

Барои телевизион ва ридиоҳои минтақавӣ низ тавсия дода мешавад, ки сомонаҳои худро дар шабакаи интернетӣ таъсис дода, кор ва фаъолияти худро дар ин замин ҷоннок гардонанд.

Натиҷаи кори сомонаро шумо метавонед аз www.mavji-ozod.tj бубинед.

http://matrix-tv.tj/somonai-mavji-ozod-az-nav-faol-shud/

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *