Сомонаҳои хабаргузориҳо дар Тоҷикистон дастрас шуданд

Бо гузашти қариб 10 рӯз дастрасӣ ба сомонаҳои интернетии хабаргузориҳо дар Тоҷикистон, аз ҷумла ба торнамои гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» барқарор шуд.

Тавре худи корбарони сомонаҳо хабар доданд, ворид шудан ба торнамоҳо рӯзҳои истироҳати ҳафтаи гузашта имконпазир шудааст. Айни замон сомонахои шабакаҳои иҷтимоии Facebook, «Одноклассники», «ВКонтакте» ва видеохостинги YouTube низ дастрас аст. Корбарон иттилоъ доданд, ки то ҳол дастрасӣ ба сомонаи Радиои Озодӣ аз ҷониби як қатор ширкатҳои фароҳамсози интернет дастнорас боқӣ мемонад.

Ёдрас мекунем, ки дастрасӣ ба сомонаҳои чанде аз хабаргузориҳои Тоҷикистон рӯзи 28 май баъди дар шабакаҳои интернетӣ пайдо шудани навори видеоии муроҷиати полковники фирорӣ, собиқ фармондеҳи ОМОН Гулмурод Ҳалимов қатъ шуда, Хадамоти алоқа даст доштани худ дар ин амалро рад карда буд.

Рӯзи 4 июн сафорати ИМА аз баста шудани дастрасӣ ба сомонаҳои чанде аз хабаргузориҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон нигаронӣ изҳор намуд. Дар изҳороти интишоршудаи намояндагии дипломатии ИМА дар ин робита зикр гардид, ки Иёлоти Муттаҳида боварӣ дорад, ки ҳуқуқи ҳар шахс дар озодона иброз намудани фикри худ, хоҳ дар майдони оммавӣ ва хоҳ дар шабакаи интернетӣ, умумибашарист.

«Сафорати ИМА баҳри мусоидат ба рушди воситаҳои ахбори оммаи озоду мустақил бо ҳукумати Тоҷикистон, созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва аъзои воситаҳои ахбори омма ҳамкорӣ дошта, аз ҳукумати Тоҷикистонро даъват мекунад, ки маҳдудиятро аз шабакаи Фейсбук, сомонаи Радиои Озодӣ, Азия Плюс ва дигар сомонаҳои ахборотӣ ва иҷтимоӣ бардорад», — қайд шуда буд дар изҳорот.

http://news.tj/tj/news/somona-oi-khabarguzori-o-dar-ikiston-dastras-shudand

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *