Соли 2015 моро чӣ интизор аст?

То соли 2015, ки тибқи Созишномаи Женева 2006 Тоҷикистон дар қатори дигар кишварҳои олам ба пахши рақамӣ мегузарад, ҳамагӣ камтар аз яку ним сол вақт мондааст. Аммо иқдомоти анҷомёфта дар ҷумҳурии мо хусусан вобаста ба сарнавишти шабакаҳои мустақили телевизионӣ нигарониҳоеро ба бор овардааст.

Аз ҷумла, дар ин радиф аз он изхори нигаронӣ мешавад, ки пеш аз ҳама маҳдудият ба дастрасии иттилоот ба вуҷуд меояд, мушкилот ва халалрасониҳои мавҷӣ пайдо мешаванд, хавфи аз байн рафтани шабакаҳои мустақил зиёдтар мешавад, амнияти иттилоотии кишвар зери аломати бузурги савол меравад ва ниҳоят ба озодии баёну озодии сухан, ки аз ҷонибдории он дар сатҳҳои олӣ сухан гуфта мешавад, таҳдидҳои фаровонеро мушоҳида мекунем.

Матни пурраи маводро бо пахш кардани нишони зерин дар сомонаи мо мутолиа кунед: http://taj.nansmit.tj/soli-2015-moro-ch%D3%A3-intizor-ast/

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *