Соли 2015 моро чӣ интизор аст?

То соли 2015, ки тибқи Созишномаи Женева 2006 Тоҷикистон дар қатори дигар кишварҳои олам ба пахши рақамӣ мегузарад, ҳамагӣ камтар аз яку ним сол вақт мондааст. Аммо иқдомоти анҷомёфта дар ҷумҳурии мо хусусан вобаста ба сарнавишти шабакаҳои мустақили телевизионӣ нигарониҳоеро ба бор овардааст. Аз ҷумла, дар ин радиф аз он изхори нигаронӣ мешавад, ки пеш аз ҳама маҳдудият ба дастрасии иттилоот ба вуҷуд меояд, мушкилот ва халалрасониҳои мавҷӣ пайдо мешаванд, хавфи аз байн рафтани шабакаҳои мустақил зиёдтар мешавад, амнияти иттилоотии кишвар зери аломати бузурги савол меравад ва ниҳоят ба озодии баёну озодии сухан, ки аз ҷонибдории он дар сатҳҳои олӣ сухан гуфта мешавад, таҳдидҳои фаровонеро мушоҳида мекунем.

Айни замон дар баробари чор шабакаи умумимилии давлатӣ қариб 20 ташкилоти ѓайриҳукуматии телевизионӣ барои расонидани матолиб ба мардум хизмат мекунанд ва ҷойи шак нест, ки онҳо айни ҳол манбаи муҳими дастрасии мардум ба иттилооти алтернативӣ мебошанд. Ба тавассути ин шабакаҳо мардум аз ҳаёти маҳалли худ огоҳ мешаванд, дар баъзе аз шабакаҳо бо афкори намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои мухталиф ошно мегарданд ва аз ҳама муҳимаш на танҳо бо дастовардҳои беназири кишвари маҳбуб ошно мегарданд, балки муаммоҳои рўзгори худро низ рўи пардаи навор мебинанд. Аммо аз касе пўшида нест, ки тамоми стансияҳои мустақили телевизионӣ имконоти заъифи молиявӣ доранд ва чун гузариш ба пахши рақамӣ раванди мушкили техникиву технологист, хароҷоти зиёдеро талаб мекунад, бо қатъи пахши аналогие, ки имрўз вуҷуд дорад, вазъи шабакаҳои ѓайриҳукуматӣ хеле душвор мешавад. Қатъи пахши аналогӣ маънои онро дорад, ки барои дастрасии муштириён муаммо пеш меояд. Хусусан, набудани шаффофият дар раванди гузариш ба пахши рақамӣ ва сарфи назар шудани манфиатҳои шабакаҳои мустақил нигарониро меафзояд. Албатта, касе наметавонад пеши роҳи технологияҳои навинро боз дорад. Аз ҷумла, пахши рақамиро ки минбаъд онро ё ба воситаи насби декодери рақамӣ ба телевизиори оддӣ ва ё харидории телевизорҳои рақамӣ фақат тамошо намудани бинандагон имкон дораду халос. Аммо суоле тавлид мегардад, ки оё мардуми кишвар иқтидори молиявии харидории ин таҷҳизотро доранд ё не? Ин ҷо на танҳо масъалаи нарх, балки масъалаи психологӣ низ вуҷуд дорад. Мардум одат накардаанд, ки бо таҷҳизоти иловагӣ аз телевизион  истифода кунанд ва табиист, ки ба моҳвора ва ё интернет рў меоранд. Ба пакети иҷтимоӣ роҳ наёфтани  шабакаҳои мустақили телевизионӣ паҳлўи дигари норўшани ин бахш аст. Яъне то кунун тақдири онҳо номаълум боқӣ мемонад. Хамаи ин маънои онро дорад, ки дастрасии одамон ба иттилоот маҳдудтар мегардад.

Хамзамон бо он ки сарнавишти мо норўшан аст, ҳамсояҳои мо барои гузаштан ба пахши рақамӣ тадбир меандешанд ва ин маънои онро дорад, ки дар сурати гузаштани онҳо халарасониҳои мавҷӣ ва дигар мушкилотро мо пайдо мекунем. Бо қатъ гардидани пахши аналогӣ дар манотиқи марзӣ шабакаҳои телевизионии моро тамошо кардани мардуми навоҳии наздисарҳадӣ мушкил мегардад. Инчунин номуайяниҳо дар тақсими басомадҳои рақамӣ ва то кунун мушаххас нашудани кимати техникии гузариш ба пахши рақамӣ нигарониро меафзояд.

Чунин номуайяниҳо бешубҳа дар зеҳн хатари аз байн рафтани шабакаҳои ѓайриҳукуматиро зиёд мекунад. Зеро муносибати кунунӣ бо ин шабакаҳо, ки аслан на тақдирашон мушаххас аст ва на чи кор карданашон ин андешаро тақвият мебахшад. То кунун муайян нест,ки бо чи шарту шароите  шабакаҳои мустақил ба пахши рақамӣ мегузаранд, оё барои гузариш ба формати нав иҷозатномаи ҷадид лозим аст ё хайр суоли дигарест бепосух. Аз ҳама муҳимтарин проблемаи имрўза набудани заминаи ҳуқуқии гузариш ба пахши рақамист. То кунун ба ягон қонуни соҳавӣ таѓйироту илова вобаста ба гузариш ба пахши рақамӣ дохил нашудааст, дар ягон ҷо оид ба пахши рақамӣ ишорае нест ва ин воқеан ҳам боиси нигаронист. Дар баробари камбудии заминаи ҳуқуқӣ мушкилии дигари шабакаҳои мустақил норасоии контенти телевизионист. Аз сабаби мавҷудияти низоми додани иҷозатнома продакшн студияҳо  ҳавасманди гирифтани ин иҷозатнома нестанд, фаъолияти студияҳои мавҷуда ва соҳиби иҷозатнома фаъолияти  муассире надоранд ва танҳо бо сабти консерту клипҳо банд ҳастанд. Табиист, ки мушкили контенти миллӣ ба вуҷуд меояд ва ҳангоми гузариш ба пахши рақамӣ ин масъала чигилтар мегардад. Зеро ҳадафи асосии гузариш ба пахши рақамӣ бояд дастрасӣ ба шабакаҳои гуногуну мухталифмўҳтаво бошад.

Аслан мушкилоти мавҷуда фақат дарди сари шабакаҳои мустақили телевизионӣ нест. Ин масоилест, ки ба амнияти иттилоотӣ низ таҳдид мекунад. Зеро дигар кишварҳо  ин нуктаро ба хубӣ дарк намудаанд ва ҳис намудаанд, ки аз зарфияти шабакаҳои маҳалии мустақил барои нафъи амнияти иттилоотӣ истифода бурдан ногузир аст. Масалан, дар Қазоқистон албатта бо талошҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаи ҳуқуқӣ мушаххас шуд. Дар ин кишвар ва ҳамчунин дар Қирѓизистон ба хотири дастгирии шабакаҳои мустақил дастгирии давлатӣ мавҷуд аст ва грантҳои ҳукуматӣ на ба телевизионҳои ҳукуматӣ, балки ба шабакаҳои мустақил ҷудо мешаванд, то ин ки контенти телевизионӣ роҷеъ ба фарҳанги миллӣ ва бо забони давлатии ин кишварҳо омода ва тавассути ин шабакаҳо пахш гардад. Дар мо мутаассифона чунин нест ва вақти он аст, ки барномаи давлатие дар ин самт таҳия ва омода шавад, то ин ки ҳам мўҳтавои телевизионҳои мустақил бой гардад ва ҳам маводи тавлидшуда барои боло бурдани худшиносиву ватандории мардум мусоидат кунад. Дар сурати акс, халои иттилоотӣ, ки хатари ҷиддӣ дорад, ба вуҷуд меояд ва боиси он мегардад, ки мардуми кишвар зери таъсири идеологияҳои мухталифу бегона мемонанд, ки ин ояндаи некеро дар пай надорад.

Аз минбарҳои баланд оид ба ривоҷи озодии сухан дар кишвар мешунавем. Аммо озодии баён ин фақат аз омор вобаста нест, ки мо ин миқдор шабакаҳои мустақил дорему бас. Нишонаи озодии сухан ин имкони фаъолияти бештаре фароҳам овардан ба шабакаҳои мустақил аст, то ки онҳо аз ин раванди мушкили гузариш ба пахши рақамӣ бо сарбаландӣ гузаранд. Аммо бо аҳволе ки холо дорем, танҳо монополизатсияи фазои иттилоотиро аз тарафи шабакаҳои давлатӣ эҳсос мекунем ва барои тамошобин фароҳам наовардани имкони интихоби шабакаҳои пурмўҳтаво, монеасозиҳо барои шабакаҳои мустақил,  ҳамчун як сохтори мукаммали тиҷоративу эҷодӣ аз байн рафтани шабакаҳои мустақили телевизионӣ таҳдиди бузургест ба озодии баён дар кишвар.

Суоли классикие ба вуҷуд меояд, ки пас чӣ бояд кард? Пеш аз ҳама маъракаи иттилоотониро бояд вусъат бахшид, то ҳам мақомоти давлатӣ, ҳам мардум аз гузариш ба пахши рақамӣ вуқуфи комил дошта бошанд. Мутаасифона, айни ҳол огоҳонии мардум дар сатҳи хеле паст аст. Аз 100 нафаре, ки дар шаҳри Душанбе моҳи январи соли 2013 пурсида шуданд, 97 нафарашон умуман дар ин бора тасаввурот надоранд. Тасаввуроти боқимондаҳо низ хеле сода аст. Аз ин хотир бояд чӣ дар шабакаҳои давлатӣ ва чӣ мустақил ташкили сўҳбатҳо бо коршиносон, ба роҳ мондани таблиѓи иҷтимоӣ ва  пешниҳоди иттилоои бештаре ба аҳолӣ аз мубрамтарин вазифаҳост. Дар ин маврид имсол Ассосиатсияи истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони маводи радиотелевизионӣ иқдом намуда, ҳам дар ВАО-и чопӣ ва ҳам дар ВАО-и электронӣ мавод пешниҳод сохт. Брошюраи  «Телевизиони рақамӣ: 25 суолу ҷавоб» бо мусоидати Фонди канадагии дастгирии ташаббусҳои маҳаллӣ ба дасти намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ расонида шуд. Аммо ин оѓози кор аст. Ин маъракаро бояд вусъати тоза бахшид. Зеро ба тавассути ин чорабиниҳо на танҳо огоҳии мардум бобати гузариш ба пахши рақамӣ бештар мегардад, инчунин зарфияти шабакаҳои мустақили телевизионӣ мушаххас мешавад ва ба вуҷуд омадани афкори умум дар ин робита тадбири муҳимест, ки бояд фавран амалӣ шавад.

Дар асоси тавсияҳои конференсияи ҷумҳуриявие, ки Ассосиатсия рўзҳои 27 ва 28 марти соли 2013 гузаронд, гурўҳи якҷояи корӣ таъсис гардидааст, ки инак фаъолияти худро оѓоз кардааст ва ҳадафаш ворид намудани таѓйироту иловаҳо ба Барномаи давлатии гузариш ба пахши рақамист.  Бо доир гардидани ҷаласаҳои гурўҳ дар назар аст, ки моҳи июн аввалин пешниҳодот ба мақомоти дахлдор ирсол гарданд. Инчунин Ассосиатсия сайти худро бо нишонии www.tba.tj фаъол месозад, ки минбаъд тамоми маълумот ва иттилоот роҷеъ ба пахши рақамӣ дар ин сомона ҷойгир карда мешавад. Дар баробари ин дар 5 минтақаи кишвар гузаронидани корҳои фаҳмонидадиҳӣ дар назар аст, ки дар онҳо иштироки 25 нафарӣ намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиву рўзноманигорони маҳаллӣ дар назар аст.Дар ин нишастҳо аъзои Раёсати Асссосиатсия вобаста ба вазъи кунунии гузариш ва мушкилоти давраи гузариш ҷамъомадҳо доир мекунанд, ки қадамест дар роҳи мушаххас намудани фаъолияти чӣ мақомоти давлатӣ ва чӣ ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба ин мавзўи муҳими рўз. Зеро гузариш ба пахши рақамӣ равандест, ки ба ҳамагон дахл дорад: ҳам ба мақомоти давлатӣ, ҳам ба ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳам ба ВАО. Танҳо иқдомоти якҷоя ва муассир метавонад боис гардад, ки дар ин раванди муҳими таърихӣ мо интихоби дуруст дошта бошем ва тавонем дастрасии мардумро ба шабакаҳои мухталифмўҳтавои телевизионӣ таъмин созем.

Ташаккур барои таваҷҷўҳатон!

Зинатулло Исмоилов,

Раиси Ассосиатсияи истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони маводи радиотелевизионии ҶТ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *