Масъулини ҳафтаномаи Балҷувон “Паёми Балҷувон”, ноҳияи дурдаст дар ҷануби кишвар мегӯянд, ки дар маъракаи обунашавӣ ба ҳафтаномаҳои мухталиф ба ҳафтаномаи онҳо камтар обуна мешаванд.
Ҳоло ин ҳафтанома дар ноҳия 800 нафарро обуна кардааст, ки масъулинаш тасмим доранд обунаро ба 1000 адад расонад ва шумораи хонандагони худро зиёд намоянд.
Муҳаммади Шоҳ, сардабири ҳафтаномаи “Паёми Балҷувон” дар сӯҳбат ба намояндагони Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон мегӯяд, ки мақсад доранд, ки бо навиштаи матлабҳои ҷолиб шумораи хонандагонро зиёд кунад, чун дар ноҳия ҳафтаномаро бо завқ намехонанд ва аз хонандагон арзу шикоятҳо ба идораи ҳафтанома кам мерасад, ки онҳоро қонеъ намекунад.
Ҳамин аст, ки масъулини ҳафтаномаро мехоҳанд бо хабарҳо ва мақолаҳои таҳлилӣ нашр кунад. Дар ин ноҳия гоҳо ҳафтанома дар ҷаласаҳо ва ҳатто дар бозорҳо тақдим карда мешавад, ки ҳадаф ҷалби таваҷҷуҳи мардум ба хондани ҳафтанома мебошад.
Хабарнигори шабакаи мониторинги нақзи ҳуқуқи журналистон ва ВАО (АМВАОМТ).