Имрӯз дар нишасти хабарии телевизиони «Сафина» коршинос Маҳдӣ Собир дар нутқи хеш изҳор дошт, ки дар ҳоле телевизиони мазкур фақат рақсу бозӣ нишон медиҳад, фарҳанг танҳо рақсу бозӣ нест.
Ин нутқи оқои Маҳдӣ Собир дар ҳоле садо дод, ки Давлатзода Зевар ба саволи он, ки «Оё «Сафина» филиали телевизиони «Баҳористон» аст, чун роликҳои рақсӣ дар ҳар ду телевизион дида мешаванд?», — гуфт, аз он, ки телевизиони мо фарҳангист, ин ҳеҷ боке надорад.
Маҳдӣ Собир дар идомаи нутқи хеш дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон зиёд шудани моҳвораҳоро далели ба телевизионҳои хориҷӣ рӯй овардани мардум номида мегӯяд, ин аз он далолат медиҳад, ки мардуми мо телевизионҳои кишварамонро қариб тамошо намекунанд.
Аммо, дар робита ба ин андешаҳои ҷаноби Маҳдӣ Собир, роҳбари телевизиони «Сафина» хонум Зевар Давлатзода гуфт, ҳоло асри 21 аст, наметавон завқу хоҳиши тамошобинро маҳдуд кард. Давлатзода мегӯяд, мо ҳоло ба он сатҳе нарасидаем, ки барномаҳои фарҳангиямон ба дили тамошобин зада бошанд.
http://faraj.tj/news/12071-sobir-ba-davlatzoda-far1203ang-az-ra1179su-boz1251-iborat-nest.html