СММ Тоҷикистонро ба худдорӣ аз тангсозии фаъолияти ТҒД даъват кард

Дар иҷлосияи 29-уми Шӯрои ҳуқуқи башар дар Женева Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид Зайд Раад ал-Ҳусайнӣ аз як қатор кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон даъват кард, ки аз иқдомоти тангсозии фаъолияти Ташкилотҳои ғайридавлатӣ (ТҒД) ва фаъолони ҷомеа худдорӣ варзанд. Дар ин бора Маркази иттилооти СММ хабар медиҳад.

Зайд Раад ал-Ҳусайнӣ аз ҷумла қонуни нави Русияро, ки ба фаъолияти созмонҳои хориҷӣ ва байнулмилалӣ рабт дорад, мавриди интиқод қарор дода, ба ҳимояти маҳбусон дар Озарбойҷон садо баланд кард ва лоиҳаи қонунҳои як қатор кишварҳои Осиёи Марказӣ алайҳи ТҒД-ро маҳкум намуд.

Намояндаи СММ гуфт, дар чанде аз кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон айни замон қонунҳое дар бораи ташкилотҳои ғайридавлатии аз хориҷи кишвар маблағгузоришуда таҳия мешаванд. «Агар чунин қонунҳо ба тасвиб расанд, ин минбаъд ба маҳдуд шудани озодиҳои демократӣ оварда мерасонад», — таъкид доштааст номбурда.

 

http://news.tj/tj/news/smm-ikistonro-ba-khuddor-az-tangsozii-faoliyati-t-d-davat-kard

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *