Аксари коршиносон интихоботи порлумонии Тоҷикистон, даргириҳо дар водии Рашт ва фирори 25 тан аз зиндониён аз маҳбасро аз таҳаввулоти асосии сиёсӣ дар соли 2010 унвон мекунанд.
Аз сӯйи дигар, бархе аз ҳуқуқдонҳо ба додгоҳ кашида шудани беш аз панҷ нашрияи мустақил дар Тоҷикистон ва зиндонӣ шудани як хабарнигор дар соли 2010-ро аз ҷумлаи иттифоқоте мешуморанд, ки демукросӣ дар ин кишварро зери суол мебарад.
Иддае дигар аз коршиносони сиёсӣ бо ишора ба баргузории ҳамоиши вузарои кишварҳои хориҷии Созмони Кунфронси Исломӣ ва нишасти раҳбарони Созмони Ҳамкории Шонгҳой дар Тоҷикистон ин ҳамоишҳоро низ ба феҳристи рӯйдодҳои муҳимми сол шомил кардаанд.
Ба гуфтаи коршиносон, ин рӯйдодҳо бакуллӣ рӯйи зиндагии аксари мардуми кишвар асароти мухталифе бар ҷой гузоштаанд.
[b]»Шаффоф ва демукротик»[/b]
Сайфуллоҳ Сафаров, муъовини раиси Маркази мутолеъоти истротежики Тоҷикистон, мегӯяд, ки сиёсати Тоҷикистон дар соли ҷорӣ рушди назаррасе кардааст.
Оқои Сафаров мегӯяд, ки ин сол барои Тоҷикистон ҳам соли пешрафт буд ва ҳам сангиниҳои мухталиферо дар сиёсат ба ҳамроҳ дошт.
Вале ба гуфтаи вай, таҳаввули ҷиддии сиёсие, ки Тоҷикистонро барои ҷаҳониён чун як кишвари демукротик ва ҳуқуқбунёд муъаррифӣ кард, интихоботи порлумонии моҳи феврали гузашта дар ин кишвар буд.
Оқои Сафаров афзуд: «Интихоботи порлумонӣ боз намояндагони ду ҳизби ҷадидро вориди порлумон кард, ки ин падидаи хубе барои рушди демукросӣ дар Тоҷикистон буд. Ҳарчанд баъд аз эъломи натиҷаи ин интихобот ихтилофи назарҳое миёни иддае аз аъзои аҳзоби сиёсии мухталиф вуҷуд дошт. Аммо дар кул, интихобот дар фазои демукросӣ баргузор шуд.»
Ин масъули Маркази мутолеъоти истротежики Тоҷикистон бархе аз ҳаводис дар ин кишвар, аз ҷумла даргириҳо дар водии Рашт ва ҳамлаи интиҳорӣ ба кормандони интизомӣ дар вилояти Суғдро ба густариши терурисм ва ифротгароӣ марбут медонад.
Вай мӯътақид аст, ки базудӣ ҳал кардани ин мушкил ва нобуд кардани теруристҳо дар ин минтақа низ «ба сиёсати хирадмандони давлати Тоҷикистон» вобаста будааст.
[b]»Тақаллуб дар интихобот»[/b]
Аммо Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, яке аз аҳзоби умдаи ширкаткунанда дар муборизоти интихоботӣ, мегӯяд, ки дар интихоботи порлумонии соли 2010 тақаллуботи зиёде мушоҳида шуд, ки «ба эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ латма зад.»
Оқои Кабирӣ афзуд: «Ҳануз ҳам давлати Тоҷикистон шонс дорад, ки дар интихоботи оянда ва дигар тадобири сиёсӣ кӯшиш кунад, то иштибоҳоти қаблиро аз миён бибарад ва дар ҷомеъаи ҷаҳонӣ эътибори кишварро боло бибарад.»
Ҳарчанд оқои Кабирӣ мегӯяд, ки интихоботи ахири порлумонӣ умед ба як ҷаҳиши бузург ба марҳилаи тозае аз демукросӣ дар кишварро эҷод карда буд, вале натиҷаи ниҳоии он ва тақуллуботе, ки зимни натиҷагирӣ аз он сурат гирифт, ошкор сохт, ки мақомоти тоҷик то ҳол омодаи эҷоди як ҷомеъаи демукротик ва ҳуқуқбунёд набудаанд.
Раҳбари ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамчунин дар бораи рухдоди дигари ин сол мегӯяд: «Воқеъан бархе аз воқеъоти нохуш, ки паёмадҳои номатлубе дошт, ҳамаро бедор кард ва моро аз ҳолати фориғӣ ва мағрурияти сулҳу ваҳдат берун кашонд ва дарк кардем, ки масъалаи барқарории сулҳу ваҳдат дигар аст, аммо муҳимтар аз ҳама нигаҳдории он будааст.»
Вай афзуд, ки дар ин ҳол қувваҳои берунӣ метавонанд аз заъфи сиёсати кишвар ба суди хеш истифода кунанд. Муҳиддин Кабирӣ ба он нукта таъкид кард, ки боздошти маҳбусони фирорӣ дар Афғонистон ҳокӣ аз он аст, ки Тоҷикистон ба зиндагии сиёсӣ ва иҷтимоъии кишвари ҳамсоя бояд аҳамияти бештаре диҳад.
Ба гуфтаи оқои Кабирӣ, дар ин кишвари ҳаммарзи Тоҷикистон ҳукумат дорад оҳиста-оҳиста таҳким меёбад ва вай афзуд, ки сулҳ дар Афғонистон ва ҳамкориҳои бештар бо ин кишвари ҷангзада ба суди Тоҷикистон ва кишварҳои дигари минтақа аст.
Коршиносони сиёсӣ фирори 25 нафар аз маҳбусон аз боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо ба фаъолияти номуваффақи раҳбарони вақти ин кумита марбут медонанд.
Ба ақидаи онҳо, боздошти аксари зиндониёни фирорӣ ва истирдоди чаҳор тан аз онон аз Афғонистон ба Тоҷикистон баёнгари тақвияти ҳамкориҳои нерӯҳои интизомии Афғонистону Тоҷикистон будааст.
«Ихтилоф бо Ӯзбакистон»
Абдунабӣ Сатторзода, донишманди тоҷик ва коршинос дар умури сиёсати хориҷии Тоҷикистон, низ бар ин назар аст, ки Тоҷикистон дар заминаи сиёсати хориҷӣ ва равобит бо кишварҳои ҷаҳон дар соли 2010 ба дастовардҳои хубе ноил шудааст.
Оқои Сатторзода мегӯяд: «Тоҷикистон кӯшиш дорад, ки бо соири кишварҳои ҷаҳон равобит ва ҳамкориҳои хуб дошта бошад. Аммо ин кишвар на ҳамеша аз ин ҳамкориҳо истифодаи муассир кардааст. Ҳарчанд нақши Чин, кишвари ҳаммарзи Тоҷикистон дар сиёсат ва иқтисоди ин кишвар хеле назаррас аст.»
Вале Абдунабӣ Сатторзода бо изҳори таассуф аз афзоиши сардӣ дар муносиботи Тоҷикистону Ӯзбакистон дар соли сипаришуда ёдовар шуд ва гуфт: «Ихтилофи назарҳо дар мавриди бунёди нерӯгоҳи «Роғун» ва гир кардани вогунҳо бо таҷҳизоти зарурӣ барои бунёди нерӯгоҳҳо дар қаламрави Ӯзбакистон муносиботи ин ду кишварро, ки қаблан ҳам сард буд, сардтар кард. Ва ҳамчунин дар муносиботи Тоҷикистон ва Русия низ сардие ба назар мерасид.»
Аммо вай афзуд, ки давлати Тоҷикистонро мебояд дар соли ҷадид муносиботро бо ин ду кишвари муҳимми минтақа беҳбуд бахшад. Ҳарчанд ин соҳибназар мегӯяд, ки Ӯзбакистон дар муносиботи хориҷии худ бо бештаре аз кишварҳои минтақа ва созмонҳои байналмилалӣ мушкил дорад.
Оқои Сатторзода бо ишора ба баргузории ҳамоишҳо, аз қабили нишасти вузарои кишварҳои хориҷии Созмони Кунфронси Исломӣ дар Тоҷикистон, меафзояд, ки равобити сиёсии Тоҷикистон дар соли 2010, бавижа бо кишварҳои исломӣ ва Эрон, таҳкими бештаре ёфтааст.
[b]»Онҳо терурист мешаванд»[/b]
Вале Акбари Тӯраҷонзода, яке аз чеҳраҳои саршиноси мазҳабӣ, дар Тоҷикистон мегӯяд, ки иқдоми давлат барои бозгардондани донишҷӯёни тоҷик аз мадориси мазҳабии бархе аз кишварҳои исломӣ метавонад ба муносиботи сиёсии Тоҷикистон ва ин кишварҳо латма занад.
Оқои Тураҷонзода гуфт: «Бо ин кор ҳукумати Тоҷикистон воқеъан эълом дошт, ки ҳам Арабистони Саъудӣ, ки дар донишгоҳҳои исломии давлатии он донишҷӯёни тоҷик таҳсил мекарданд ва ҳам давлати Миср, ки донишгоҳи Алазҳар дар он ҷо аз бузургтарин ва қадимитарин донишгоҳҳои мазҳабии дунёст ва ҳамин тур, донишгоҳҳои Покистон, ба истиснои бархе аз мадориси хусусӣ, маркази омода намудани теруристҳо ҳастанд.»
Оқои Тураҷонзода бо таъкид ба он ки ин кишварҳо бо терурисм муборизаи ошкор мекунанд ва дар ин замина бо Омрико ва кишварҳои ғарбӣ ҳамкорӣ мекунанд, афзуд: «Бо ҳамин, ба ин кишварҳо як тавҳин, ҳақорат ва иттиҳоми бузурге зада шуд.»
Ба ақидаи Акбари Тӯраҷонзода, ин омил ба муносиботи Тоҷикистон бо ин кишварҳо метавонад таъсироти манфӣ расонад.
Ҳамчунин, ба гуфтаи оқои Тураҷонзода, дар ҳоле ки бештари мақомоти Тоҷикистон зимни арзёбӣ аз мазҳаб бар ин ақида ҳастанд, ки мардум набояд кӯр-кӯрона аз паси муллоҳои муттаъассиб биравад ва бояд дини исломро амиқ биомӯзанд, пас чаро мухолифи омӯзиши дин дар донишгоҳҳои исломӣ ҳастанд?
Президент Раҳмон дар яке аз мулоқотҳои худ бо сокинони вилояти Хатлон дар моҳи августи соли 2010 аз мардуми Тоҷикистон даъват кард, ки фарзандони худро аз мадрасаҳои кишварҳои исломӣ бозгардонанд. Эмомалӣ Раҳмон он замон таъкид кард, ки «онҳо ҳама терурист ва экстремист (ифротгаро) мешаванд.»
Сипас, Кумитаи дини Тоҷикистон зарбулаҷале барои бозгашти донишҷӯёни тоҷик аз кишварҳои хориҷӣ то авохири моҳи декабрро эълом кард ва то авохири сол беш аз 500 донишҷӯй аз донишгоҳҳои исломии кишварҳои шарқӣ ба ватан бозгардонда шудаанд.
Акбари Тураҷонзода мегӯяд, дар ҳоле ки Қонуни асосии Тоҷикистон озодии сафар ба кишварҳои хориҷӣ ва интихоби довталабонаи муассисоти омӯзиширо таъмин кардааст, бозгардондани иҷбории донишҷӯён аз мадрасаҳои исломӣ нақзи ҳуқуқи шаҳрвандии онҳо маҳсуб мешавад.
[b]»Маҳдудияти озодии баён»[/b]
Дар ҳамин ҳол, Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикистон, мегӯяд, ки дар соли 2010 фишор бар расонаҳои мустақил ва бавижа мавориди ба додгоҳҳо кашида шудани бисёре аз расонаҳои мустақил афзуда буд. Вай ин омилро монеъи рушди демукросӣ ва озодбаёнӣ дар Тоҷикистон унвон кард.
Оқои Қаршибоев афзуд: «Ҳодисаҳои ба додгоҳ кашида шудани нашрияҳои мустақил ва хабарнигорон аз соли 2008 бад-ин сӯй афзоиш ёфтааст. Аз аввали соли 2010 додгоҳҳо нашрияҳои мустақилли «Чархи гардун», «Озодагон», «Нигоҳ», «Пайкон», «Asia-Plus» ва «Миллат»-ро ба муҳокима кашиданд. Ва дар охири сол як хабарнигори мустақил дар вилояти Суғд зиндонӣ шуд.»
«Мо хеле хоҳони онем, ки муҳокимаи қазияҳои расонаҳо ва шокиён мунсифона баррасӣ шаванд. Вале нигаронии мо бештар аз он аст, ки на ҳама вақт қонунгузории Тоҷикистон ҷавобгӯйи меъёрҳои байналмилалӣ аст ва ҳангоми истифода аз он додгоҳҳо ба камбудиҳо роҳ медиҳанд.»
Ҳанӯз дар соли 2009 ҳуқуқдонҳо ва рӯзноманигорон дар ҳамоишҳои мухталифе пешниҳод мекарданд, ки моддаҳои марбут ба «тӯҳмат» ва «тавҳин» аз қонуни кайфарии Тоҷикистон хориҷ карда шаванд ва муҳокимаҳои додгоҳӣ дар робита бо қазияҳои хабарнигорон ва расонаҳо дар чаҳорчӯби қонуни шаҳрвандӣ баррасӣ шаванд.
Аз сӯйи дигар, оқои Қаршибоев ба ин ақида аст, ки барои дастрасӣ ба озодии баён дар кишвар ва коҳиши даъвоҳои эътимолӣ миёни хабарнигорон ва мусоҳибони онҳо дониши ҳуқуқии хабарнигорони тоҷикро бояд такмил дод.
Бархе аз сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ва иддае аз созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар низ дар соли сипаришуда аз ба маҳкама кашида шудани нашрияҳои мустақил ва зиндонӣ шудани як хабарнигор дар шимоли Тоҷикистон интиқод карданд.
Аз ҷумла созмони омрикоии Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон аз қазоёи додгоҳии «Asia-Plus», «Озодагон», «Фараж», «Пайкон» ва «Миллат» дар Тоҷикистон ибрози нигаронӣ карда ва гуфта буд, ки муҳокимаи ин нашрияҳо метавонад ба мутаваққиф шудани фаъолияти онҳо мунҷар шавад.
Аз сӯйи дигар, иддае аз соҳибназарон баргузории ҳамоиши вузарои хориҷии кишварҳои узви Созмони Кунфронси Исломӣ ва нишасти раҳбарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар Тоҷикистонро низ аз муҳиммтарин рӯйдодҳои соли 2010 медонанд.
Аммо бархе дигар бар ин назаранд, ки ин нишастҳо рӯйи зиндагии иҷтимоъии мардуми одӣ ва дар ҳамкориҳои Тоҷикистон ва сиёсати хориҷии ин кишвар таъсироти амиқе нагузоштаанд.
Ба ақидаи онҳо, аксари кишварҳои ширкаткунандаи ин ҳамоишҳо бо дарназардошти мушкилоти дохилии худ ва ихтилофот бо кишварҳои дигари узв омодаи ҳамкориҳои муассири сиёсӣ ва иқтисодӣ набудаанд.
Заринаи Хушвақт, Би-би-си,
Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2010/12/101229_zkh_politicalyears_review.shtml