Абдуҷаббор Раҳмонзода аз фаъолияти раҳбари нави АМИТ “Ховар” ситоиш кард.
Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии Президенти оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа зимни суханрониаш дар Анҷумани 14-уми Иттифоқи нависандагон аз надоштани сомона ин ниҳодро интиқод кард. Аз раҳбарияти нави Иттифоқи нависандагон хост, ки дар интернет сомона боз карда, осори нависандагонро ҷой диҳанд.
Ӯ аз ҷумла Агентии миллии иттилоотии “Ховар”-ро мисол овард, ки дар як ҳафта сомонаи хабаргузориро нав кардаанд. 19-уми июн Заробиддин Қосимӣ ба ҷои Садриддин Шамсиддинзода директори АМИТ “Ховар” таъин шуда буд.
Расо баъди 10 рӯзи таъин шуданаш ба ин мақом, 29-уми июн тарҳи нави сомонаи “Ховар” фаъол шуд, ки зоҳиран аз сомонаи қаблии он фарқ дорад. Сомонаи “Ховар” бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ буда, масъулини он мегӯянд, ки ба зудӣ бахшҳои он ба забонҳои англисӣ, арабӣ ва чинӣ низ фаъол мешавад.
http://www.tojnews.org/tj/news/sitoishi-abduchabbor-rakhmonzoda-az-faoliyati-rakhbari-navi-hovar