Гуфтугӯи хабарнигори «Озодагон» Ҳумайрои Бахтиёр бо муовини аввали Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидалӣ Сиддиқов дар бораи ҷавоби рад ба дархости Муҳиддин Кабирӣ ва мавзӯҳои вобаста ба он.
Озодагон: Дар номаи худ ба ҲНИТ ишора ба он доштед, ки «Кумита бо ҳамаи ҳизбҳову созмонҳое, ки фаъолияташон расман дар доираи қонун ва бо назардошти манфиати милливу давлатии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст, ҳамкорӣ карда, дастрасии онҳоро дар шабакаҳои ТВ ва радио баробар таъмин мекунад». Пас саволе ба вуҷуд меояд, ки Кумитаи телевизион ва радио бо далели ноамн ва ё хилофи қонун будани фаъолияти аҳзоб онҳоро ба эфир роҳ намедиҳад?
Сиддиқов: Чаро Шумо фикр мекунед, ки намояндагони аҳзоб ба эфир роҳ дода намешаванд? Намояндагони ҳизбу созмонҳои мухталиф, аз ҷумла аъзои ҲНИТ низ дар намоишу гуфторҳои телевизион ва радио иштирок ва изҳори назар мекунанд.
Матни пурраи мусоњибаро бо пахш кардани нишони зерин дар сомонаи мо мутолиа кунед: http://taj.nansmit.tj/siddi%D2%9Bov-dar-borai-%D2%B3nit-r%D3%AFjxati-siyo%D2%B3-va-ra%D2%9Bsu-boz%D3%A3-dar-televizion/