Сиддиқов: “Дар бораи қазияи Исфара танҳо иттилоъи расмиро пахш мекунем”

Як масъули Кумитаи давлатии телевизиюн ва родиюи Тоҷикистон гуфт, шабакаҳои телевизиюни ин кишвар аз пахши гузоришҳо дар бораи ҳаводиси марзи муштараки Тоҷикистону Қирғизистон худдорӣ карда ва аз натоиҷи музокироти ҳайъатҳои ин ду кишвар иттилоъи расмиро пахш хоҳанд кард.

Саидалӣ Сиддиқов, муъовини аввали ин кумита, рӯзи душанбеи 20 январ дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе далели ин мавзеъгириро “талош барои ворид накардани халал ба раванди музокироти ҳайъатҳои Тоҷикистону Қирғизистон” унвон кард.

Ҳамзамон, оқои Сиддиқов таъкид кард, шабакаҳои телевизиюни Тоҷикистон “ҷанги иттилоотӣ”-ро дар баробари расонаҳои Қирғизистон набохта ва дар ин замина аз сабру таҳаммул кор мегиранд.

Зимнан, рӯзи 11 январи соли ҷорӣ дар манотиқи марзии ноҳияи Исфараи Тоҷикистон ва Боткенди Қирғизистон миёни марзбонони ин ду кишвар тирандозӣ рух дода ва бар асари он 5 марзбони қирғиз ва 2 марзбони тоҷик захмӣ шуда буданд.

Дар ҳоле ки расонаҳои давлатию мустақили Қирғизистон ин ҳаводисро ба таври густарда пӯшиш дода ва назари мақомоти ин кишварро дар бораи ин қазия пахш кардаанд, шабакаҳои телевизиюни давлатии Тоҷикистон дар ин замина сукут ихтиёр кардаанд.

Мавзӯъи пӯшиши ҳаводиси марзи Тоҷикистону Қирғизистон замоне дар ин нишаст матраҳ шуд, ки Саидалӣ Сиддиқов пахши силсилабарномаҳои интиқодӣ дар мавриди фаъъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар тирамоҳи соли гузаштаи мавсум ба “зиддинаҳзатӣ”-ро “гузоришҳои бетарафона аз ҳамоиши 500 то 1000 нафар сокинони кишвар ва ибрози назари онҳо дар бораи ин ҳизб” хонд.

Аммо хабарнигорон гуфтанд, агар чунин аст, чаро пас аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ пахши барномаҳои “зиддинаҳзатӣ” дар телевизиюнҳои давлатӣ қатъ шуда ва шабакаҳои телевизиюни Тоҷикистон аз ҳамоиши чандҳазорнафараи сокинони рустои Ворухи шаҳри Исфара дар эътироз ба баста шудани роҳи иртиботӣ ба ин русто аз ҷониби сокинони Қирғизистон ва даргириҳо дар ин марз гузорише пахш накард?

Мақомоти Кумитаи давлатии телевизиюн ва родиюи Тоҷикистон аз шарҳи ин гуна мавзеъгирӣ худдорӣ карда ва дубора ба пахши танҳо хабарҳои расмӣ аз ниҳодҳои зидахли давлати Тоҷикистон дар бораи ин ҳодиса ишора карданд.

Дар ҳамин ҳол, расонаҳои Қирғизистон аз тасмими Вазорати хориҷаи ин кишвар дар бораи поин бурдани сатҳи намояндагии диплотик бо Тоҷикистон хабар додаанд.

Аскар Бешимов, муъовини вазири хориҷиа Қирғизистон далели ин иқдомро ба иддаъои Шараф Файзуллоев, раиси Ситоди нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар мусоҳиба бо хабаргузории давлатии “Ховар”-и Тоҷикистон марбут хондааст.

Дар ёддошти Вазорати хориҷаи Қирғизистон ин суол матраҳ шудааст, ки иддаъои оқои Файзуллоев дар бораи ҳудуди Тоҷикистон будани роҳи Кӯктош-Оқсой-Тамдиқ назари расмии давлати Тоҷикистон ё хайр?

Вазорати хориҷаи Қирғизистон гуфтааст, дар пайи ҳаводиси 11 январи соли ҷорӣ дар марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон ин сеюмин ёддошти эътирозии Қирғизистон ба Тоҷикистон буда, аммо то ҳол ба ин ёддоштҳо посухе дарёфт нашудааст.

Дар ҳамин ҳол аз дафтари матбуъоти Вазорати хориҷаи Тоҷикистон гуфтанд, ки аз Вазорати хориҷаи Қирғизистон танҳо дар мавриди барои машварат даъват шудани сафири ин кишвар дар Тоҷикистон ба шаҳри Бишкек ёддошт ворид шуда, аммо дар масъалаи поин бурдани сатҳи намояндагии диплумотик санади расмие дарёфт нашудааст.

http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2014/01/140120_mm_tajik_tv_kyrgyz_conflict.shtml

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *