Рӯзи 12 феврал дар толори Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои ВАО ҶТ таҳти раёсати Нуриддин Қаршибоев барпо гардид.
Дар ҷаласа муроҷиати роҳбарияти рӯзномаи «Нигоҳ» ба унвони созмонҳои расонаии мамлакат дар мавриди қонунӣ будани ҳалномаи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар бораи манъи чопи мавод дар бораи баҳси «Тоҷиксодиротбонк» бо қарзгирандагон баррасӣ гашта, инчунин нақшаи фаъолияти Шӯрои ВАО ҶТ барои соли 2015 тасдиқ гашт.
Раиси Шӯрои ВАО ҶТ Н.Қаршибоев қайд намуд, ки қабули ҳалномаи дар бораи манъи чопи мавод дар асл дар таҷрибаи фаъолияти судҳои мамлакат ҳодисаи нодир буда, тибқи арзёбии коршиносон ҳалномаи ғайриқонунӣ қабул шудааст, зеро нашрия тарафи мурофиаи судӣ нест.
Саймиддин Дустов, раиси Шӯрои муҳаррирони рӯзномаи «Нигоҳ» ба аъзои Шӯрои ВАО дар бораи вазъи баамаломада ахборот дода, қайд намуд, ки амалан оид ба мақбул будан ва додани баҳои ҳуқуқӣ ба ҳалномаи махкур идораи рӯзнома ба Шӯрои адлияи ҶТ муроҷат намудааст. Дар навбати худ, Шӯрои адлия қайд намудааст, ки рӯзномаи «Нигоҳ» тарафи мурофиаи баррасишаванда нест, бо ҳамин сабаб «Нигоҳ» ҳалномаи суди ноҳияи Исмоили Сомониии шаҳри Душанберо иҷро накардааст. Дар баробари он, Шӯрои адлия ба савол дар бораи он, ки агар «Нигоҳ» тарафи мурофиаи баҳси судӣ набошад, пас барои чи қарори суд дар бораи вай қабёл шудааст, ҷавоб нагардондааст.
Шӯрои ВАО ҶТ дар бораи омода намудани хулоса ва тавсияҳо оид ба масъалаи муроҷиати рӯзномаи «Нигоҳ» бо ҷалби коршиносони ҳуқуқӣ ва ба воситаи ВАО паҳн намудани он қарор қабул намуд. Аъзои Шӯрои ВАО инчунин қайд намуданд, ки ба ҳолатҳои монанд иҷмолан вокуниш нишон дода шавад. Бо сабаби дар ВАО чоп шудани маводе, ки дар онҳо меъёри бегуноҳӣ риоя нагаштааст, қарор қабул карда шуд, ки оид ба чунин масъала созмонҳои рӯзноманигории мамлакат изҳороти муштарак интишор диҳанд.
Аъзои Шӯрои ВАО Шаҳло Акобирова, Мухтор Боқизода, Раҷаби Мирзо, Хуршеди Атовулло ва Мусо Асозода дар баррасии масъалаҳои ҷаласа, инчунин масъалаҳои ҷории фаъолияти ташкилот фаъолона иштирок намуда, барои беҳтар гаштани фаъолияти минбаъда ва рушди минбаъдаи мақоми худтанзимкунӣ пешниҳодҳо ба миён гузоштанд. Дар ҷаласаи Шӯрои ВАО ҶТ инчунин нақшаи фаъолияти ташкилоти мазкур барои соли 2015 тасдиқ карда шуд.
Шӯрои ВАО Тоҷикистон.