Шумораи нави “Нигоҳ” баъди таваққуфи ду ҳафтаина ба нашр расид

Шумораи 421-и ҳафтаномаи иттилотиву сиёсии “Нигоҳ” баъди ду ҳафтаи таваққуфи нашри ҳафтанома чоп шуд.

Дар саҳифаи аввали ҳафтанома ҳайати эҷодии «Нигоҳ» барои ба дасти чоп нарасидани нашрия арзи маъзарат кардаанд.

Онҳо навиштаанд, ки “Шумораи №421-умро, ки хонанда дар даст дорад, барои ҳар яки шумо табрик мегӯем. Зеро арзишҳои муштарак, ихлос ва дастгирии хонандаи «Нигоҳ» аст, ки моро водор мекунанд, новобаста ба ҳар монеае дилгарми кор бимонему садоқати касбӣ нишон диҳем.

Боиси таассуф аст, ки ду шумораи «Нигоҳ» дар шакли чопӣ бо баҳонаҳои бофтаву сохта ба дасти хонанда нарасиданд, ҳуқуқҳои хонандагону обуначиёни нашрия поймол гашта, ба аҳли эҷод, идораи нашрия ва рекломдиҳандагон зарари моддӣ ва маънавӣ расонида шуд. Мо ҳуқуқ ба озодии баёну андеша ва дастрасӣ ба иттилооти мустақилро волотарин арзиш дониста, омодаем, ки зарари молии ба обуначиён расидаро ҷуброн созем ва бори дигар таъкид мекунем, ки ба дастгирии ҳамешагии хонандаи ҳушманд ниёз дорем.

Сабаби нашр нашудани ду шумораи пешини «Нигоҳ», ки чопхона, гӯё бинобар надоштани шаҳодатномаи азнавбақайдгирӣ дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аз нашрашон худдорӣ варзид, маълум шуданд: Муҳтавои гӯшаву шеваҳои пешниҳоди матолиби нашрия ва ҳамчунин забони мақолаҳои «Нигоҳ» ба мансабдорон ва ниҳодҳои алоҳидаи ҳукумат писанд набудаанд.

Аммо аҳли эҷоди «Нигоҳ» бар онанд, ки: а) баҳисобгирии давлатӣ як маротиба мешаваду муҳлатнок кардани шаҳодатномаи баҳисобгирӣ меъёри зиддиконститутсионӣ аст. Аз ин рӯ, бояд дар Суди конститусионӣ мавриди баррасӣ қарор гирад; б) сензура дар Тоҷикистон манъ буда, ҳич ниҳоди ҳукуматӣ ҳаққи дахолат ба муҳтавоии расонаҳои мустақилро надорад; в) расмиёти техникӣ, монанди баҳисобгирии нашрия ва идораи соҳа аз ҷониби ниҳодҳои маъмур набояд боиси сӯистифода аз вазифаву мансаби давлатӣ, поймол шудани қонунҳо ва ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандони кишвар гардад.

Бо ҳамин мо қазияро ҳалшуда ҳисобида,таъкид мекунем, ки ба дастгирии хонандаҳои доимӣ, обуначиён ва ҳаводорони нашрия ниёз дорем”.

Дар интиҳо эълон кардаанд, ки «Нигоҳ» барои онҳое, ки имконияти маҳдудтар доранд, варианти электронии ин ду шумораи нашрияро дар формати PDF ба суроғаҳои интернетӣ ирсол карда метавонад. Барои ин хонанда бояд ба мо тавассути суроғаи электронӣ, саҳифаи «Нигоҳ» дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук ва ё телефонӣ муроҷиат кунад.

Дар шумораи нави ҳафтаномаи “Нигоҳ” матлабҳое ба нашр расидааст, ки дар дигар нашрияҳо хонда наметавонед.

Дар матлаби “Боздошти идеологи литсейҳои туркӣ”, ки дар бораи ҳукми додгоҳи Истанбули Туркия барои боздошти Фатҳуллоҳ Гюлен, рӯҳонии маъруф ва мухолифи ҳукумати ин кишвар мебошад, шарҳи муфассал дода мешавад. Дар ин матлаб пайвандии Гюлен бо Тоҷикистон ва пӯштибонҳои ӯ ошкор гардидаанд.

Фирори раиси филиали Тоҷиксодиротбонк дар ноҳияи кӯҳистони Мастчоҳ барои бархе аз муштариёни ин бонк мушкилофар шудааст. Тақдири пасандозҳои бархе аз муштариён, ки аз 30 ҳазор сомонӣ то 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, номаълум боқӣ мемонад. Дар матлабе бо унвони “Фирори раиси бонк” ин масъала ба миён гузошта шудааст.

Дар мақолаи дигар “Моли ватанӣ” пешниҳоди масъулини Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи он, ки “маҳдуд кардани воридоти баъзе аз маҳсулот ба рушди истеҳсоли ватанӣ мусоидат мекунад” мавриди таҳлили коршиносон қарор гирифтааст.

Дар арафаи интихоботи парлумонии Тоҷикистон дар соли 2015 “Нигоҳ” тасмиме роҳандозӣ кардааст, ки муаррифии фишурдаи аҳзоби сиёсии Тоҷикистонро нашр кунад. Нахуст аз Ҳизби демократии Тоҷикистон шурӯъ шудааст. Таърихи ин ҳизбро аз аввал то имрӯз рӯи саҳфа овардаанд.

Инчунин, дар ин шумора метавонед матлабҳои таҳлилии “Ҳизби хатар. Чаро Ҳизби таҳрир исломӣ нест?”, “Пули миллиро дастгирӣ кунед!” ва ашъори тозаи Зафар Сӯфиро мутолиа кунед.

Шумораи нави “Нигоҳ”-ро дар фурӯшандаҳо пурсон шавед.

http://tojnews.org/tj/news/shumorai-navi-nigokh-badi-tavakkufi-du-khaftaina-ba-nashr-rasid

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *