Шумораи имрӯза (душанбеи 29 сентябр)-и газетаи “Имрӯз News” бо сабабҳои номаълум ба фурӯшгоҳҳои рӯзномафурӯшӣ ва обуначиён дастрас нашуд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи масъулини ин нашрия, шумораи мазкур ҳанӯз рӯзи шанбеи 27 сентябр ба нашр фиристода шудааст.
Сабаби паҳн нашудани ин шумораи рӯзнома маълум нест, аммо як манбаи огоҳ гуфт, бо далели нашри як матлаб кадом як гурӯҳи манфиатдор кулли нусхаҳои рӯзномаро яклухт харидаву пинҳон кардааст.
Дар идораи рӯзнома аз ин ҳодиса изҳори бехабарӣ карданд.
Назири Нусрат, сармуҳаррири “ИмрӯзNews”, гуфт: “Мо шумораи рӯзи 29 сентябрро ҳанӯз рӯзи шанбе барои нашр фиристодем. Баъдан ба мо директори генералии рӯзнома Муним Оламов гуфт, ки бо сабабҳои номаълум рӯзнома нашр нашудааст”.
Аммо манобеи огоҳ мегӯянд, ки баъди нашри рӯзнома шумораи мазкур ба бархе обуначиён дастрас шудааст. Аз ҷумла, Сафар, як ҳамсуҳбати мо, мегӯяд, ки шаби гузашта як хешовандашро ба Русия гусел мекард ва шумораи мазкурро дар фурудгоҳи Душанбе дастрас кард.
Ба маълумоти дарёфтӣ, рӯзнома нашр шудааст, вале нафаре онро ба таври яклухт харидаву аз паҳн шудани он пешгирӣ кардааст.
Масъулини “ИмрӯзNews” мегӯянд, дар шумораи мазкур вокуниши роҳбарияти ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” ба унвони мавзӯи асосии шумора нашр шудаву аз баҳсе қисса мекард, ки беш аз як сол инҷониб байни ин бонк ва хонаводаи Азизовҳо – гурӯҳи “Анис” оид ба як шартномаи кредитӣ идома дорад.
Қаблан “Имрӯз News” матлаберо зери унвони “ҳамла” ба “Тоҷиксодиротбонк” нашр карда буд, ки дар он аз ҳамин хусус сухан мерафт.
Шамсулло Фозилов.
http://faraj.tj/news/6621-shumorai-navi-imr1263z-news-1171ayb-zad.html