ШУКУРОВ ДАР БОРАИ ШАБИ ДАРОЗТАРИНИ УМРАШ (МУСОҲИБА)

Абдураҳим Шукуров, хабарнигори «Озодагон», ки вақти наворбардорӣ боздошт шуда, як шабонарӯз дар ҳабс буд, ба TojNews дар бораи як шаби дарози зимистонияш бо милисаву муфаттишони тоҷик нақл кард.  

TojNews: -Абдураҳим, мо ҳама он ҷо будем, ва медидем, ки муносибат бо хабарнигор чӣ хел буд, Аммо ман мехостам, ту худ нақл кунӣ, ки шуд, баъди он ки туро задаву, ба қавле печонида бурданд.

-Ҳангоми боздошт, ман кор мекардам. Вақти кории ман буд ва ман дар иҷрои вазифаам будам. Ман наворбардорӣ карда истода будам. Наворбардор масъулияти худро дорад. Вақте журналист ба ӯ гуфт, ки ҳаминҷо корро сар мекунем, ӯ бояд дигаронро нигоҳ накарда, кори худашро иҷро кунад. Кадр бояд бошад, то матлаб ҷолиб бошад. Кадри хуб гирифта натавонистӣ матлаби хуб намешавад офарида.

Ҳамин вақт кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ омада маро боздошт карда, назди одамони зиёд, зада-зада бурданд. Ман он лаҳза худро гум карда будам.

Нафаҳмидам, ки бо ман чӣ мегузарад, маро ба  мошин савор карданд, маҷбурӣ ва ба Шуъба и корҳои дохилӣ оварданд. Муносибат, таври маълум, албатта дағалона буд, чуноне, ки бо ҷинояткор одатан гуфтугӯ мекунанд.

Хулоса то ба Шуъба бурдан аҳвол ҳамин буд ва вақте фаҳмиданд, ки ин кор расонаӣ шуд, дигар муносибаташон тағйир ёфт, ором шудем. (Табассум мекунад.)

Баъд аз ман баёнот гирифтанд. Он чӣ буд гуфтам, ки ман ҷинояте содир накардаам ва дар ҷараёни кор маро боздошт карданд. Сипас маро барои ташхис ба Беморхонаи Қарияи боло бурданд. Дар онҷо гуфтанд, ки бояд барои ташхис 34 сомонӣ пардохт кунам.

Ман, албатта гуфтам, ки ба шумо ягон тин пул доданӣ нестам. Онҳо худ пули ташхисро доданд. Сипас аз онҷо бароварда ба суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ бурданд. Дар онҷо маро бе адвокат суд карданд. Ман талаб кардам, ки ман бояд адвокат дошта бошам.

Аммо судя гуфт, ки дар ин ними шаб адвокатро аз куҷо меёбем. Хуб, ман ҳам розӣ шудам. Судя гуфт, ки барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ 15 шабонарӯз бояд дар ҳабс шинам.

Аммо ман инро қабул накарда гуфтам, ки ман гунаҳкор нестам. Баъд ду шоҳидро овардан, ки якеаш раиси маҳаллаи ҳамон ҷо ва дигараш сокини кадоме аз хонаҳои наздик ба СИЗО- и КДАМ.

Сокини онҷо шоҳидӣ дод, ки гуё дар болои боми хонааш устоӣ мекардааст ва мо ҷамъ шуда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон карда бошем.

Умуман ба ман на ҳамчун бо наворбардор балки ҳамчун шахсе, ки бо хоҳиши худам рафта, дар назди СИЗО дар гирдиҳамоӣ иштирок карда бошад, муносибат мекарданд.

Сипас суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ қарор кард, маро ба муҳлати 7 шабонарӯз зиндонӣ кард. Баъди суд дар ҳамон шаб маро ба Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бурда, якбори дигар бозпурсӣ карданд. Баъд маро ба Боздоштгоҳ, ки поёнтар аз бинои Кумитаи андоз аст, бурданд. Дар онҷо маро дар як ҳуҷраи алоҳида ҷой доданд. Ҳамин дигар…

TojNews: -Дастгоҳи наворбардоритатро ҳам доданд? Он сабтҳо дар ту ҳифз шудаанд? 

-Дастгоҳи наворбардориамро дар Шуъбаи корҳои дохилӣ гирифта, касетаро мусодира карданд. Дастгоҳро баъди гирифтани кассета ба ман баргардонданд. Аз афташ дар ШКД ҷойи бовариноки нигоҳдорӣ набудааст, ки шояд тарсидан гум мешавад? Хуллас камераам ҳамроҳам буд. Баъд аз ин ки роҳбарияти хабаргузорӣ омаданд, баҳсу мунозираҳо шуд, дастгоҳро ба роҳбарият супурдам.

TojNews: -Дар ин як шабонарӯз чӣ хӯрдӣ? 

-Дар ШКД ба ман чизе надоданд. Танҳо дар боздоштгоҳ ба ман як кулчақанд, «рулет» ва ду пряникк доданд. Баъдтар ду дона нон ҳам оварданд, Кулчақандҳоро хӯрдам, тамом. Баъдтар бародарон хӯрок оварданд, ҳамонро бароям доданд.

TojNews: — Хунук нахӯрдӣ? 

-Чи хеле гуфтам, маро дар камераи алоҳида ҷой карданд. Рости гап, хунук буд, бар замми ин буйи ҳоҷатхона дилгир мекард. Кӯрпае ки барои ман оварда буданд,  чиркин буд ва ҳам буйи пешоб мекард. Шаби дароз хоб накардам, аз буйи бад. Хаёлам ин шаби дарозтарини умри ҷавони ман буд.

TojNews: — Ҳа-ҳа-ҳа! Чӣ мехостӣ, баъди латукӯб, хаёлат бароят болини пари қу медиҳандат? 

-Шӯхии ба ҷо. Ҳоло нав ба худ омада, ба ёдам омад, ки маро дар назди СИЗО ҳангоми боздошт як шатта дар рӯям зада буданд. Баъд ду-се шаттаи дигар дар пуштам заданд. Боз дар даруни мошин ҳам заданд.

Онҳо хостанд маро тарсонанд. То даруни шуъба ҳамроҳои ман дағалона муносибат карда.

Вақте назди муфаттиш барои баёнотнависӣ рафтам, аллакай муфаттиш дар бораи боздошти ман аз расонаҳо иттилоъ ёфа буд. Ҳарчанд мегуфтам, ки маро заданд, аммо касе ба ин гӯш намекард. Баъди он ки Хилватшоҳи Маҳмуд, сардабири «Озодагон» даромада пайи зарбу латро дид, онҳо дигар манъ карданд, ки ягон кас бо ман вохӯрад.

Муфаттиш маро даъват карда, гуфт як ариза навис, ки барзиёд суд кардаанд. То ки онҳо тавонандл, маро ҷарима карда, ҷавоб диҳанд.

Дар аввал ман розӣ нашудам, лекин бо исрори муфаттиш, ки мегуфт мо ҳам одамем ва зиндагӣ дорем, ман пешниҳоди онҳоро қабул кардам. Аризаро навиштам ва суд маро 320 сомонӣ ҷарима карда, озод кард.

Одамигарӣ шояд ҳамин буд, ки ҷаримаро ман насупурдам. Шояд худашон пардохт карданд. Барои рӯйпӯш кардани муносибатҳои дурушташон.

TojNews: — Ҳоло чӣ тасмим гирифтӣ? Шикоят мебарӣ ба суд ё чӣ?

-Мебинем. Саросема нестам ростӣ гап. Аммо аламовар аст, ки маро бе гуноҳе оварда ҳабс карданд, кам гӯё, ки ҳуқуқҳои касбии маро поймол карданд, ҳуқуқҳои шаҳрвандии маро зери по карданд, латукӯб карданд, боз суд маро гунаҳгор ҳам номид. Дар ин бора баъдтар албатта ба ягон қарор меоем.

Аммо ҳоло, мехоҳам, гӯям, ки аз ҳамаи ҳамкасбони азиз сипосгузорам. Онҳо барои ман ин ин гуна иқдомҳоро сари даст гирифтанд. Рости ман ин гуна вокунишро аз чониби ҷомеаи журналистӣ ҳич инизор надошам.

TojNews: — Хуб, аммо Абдураҳим, инро ҳам бояд донӣ, ки натанҳо барои ту буд. Балки барои ҳифзи манфиатҳои умумӣ, касбӣ ва албатта озоди баён дар кишвари мо буд. Ин як туф буд аслан ба рӯй журналист ва журналистика, ки наметавон дар баробараш хомӯш истод.

Хуб, бароят  ривоҷи кор хоҳонам.

-Сипос.

http://tojnews.tj/abdurahim-shukurov-daroztari-shabi-umram-bud

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *