[b]Нахустин ҳамойиши омӯзишӣ аз силсилаи семинарҳои ихтисосӣ барои журналистон дар Душанбе сурат пазируфт. Тибқи иттилои Зинатулло Исмоилов, райиси Шӯрои ВАО дар назар аст, ки тӯли соли 2011 ҳудуди 15 семинар дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Хоруғ, Қӯр- ғонтеппа, Кўлоб, Турсунзода, Панҷакент ва ноҳияҳои Мастчоҳ, Ваҳдат, Рашт гузаронида шавад. Ҳадафи асосии ин чорабиниҳо бештар ба маълумоти рўзноманигорони минтақавӣ расонидани ҳадафҳои «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон мебошад. Ба сифати тренер дар ин семинарҳо аъзои раёсати Шўрои ВАО баромад мекунанд.[/b]
Зимнан, дар семинари имрӯза узви шӯро Рустами Ҷонӣ бо намояндагони радиоҳои ғайриҳукуматии шаҳри Душанбе изҳор дошт, ки мақсади асосӣ аз фаъолияти шӯрои ВАО худтанзимкунии фаъолияти журналистӣ буда, ҳалли қазияҳо то додгоҳ мебошад. Намояндагони радиоҳои «Ватан», «Имрўз», «Азия плюс» ва телевизиони «СМТ» ба суолҳои сершумори худ перомуни риоя ва эътирофи Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷ икистон посух пайдо карданд.
Ёдовар мешавем, ки Шўрои ВАО ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии ғайритиҷоратӣ, ихтиёрӣ, мустақил, машваратӣ ва худтанзимкунии ВАО буда, фаъолияти худро мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон, санадҳои меъёрии байнулмилалӣ, Оиннома ва Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон роҳандозӣ мекунад.
Источник: http://ozodagon.com/khabarho/tojikiston/432-2011-05-17-06-49-38.html