Шоҳиён ба ВАО: Ҷараёни интихоботро воқеъбинона инъикос кунед!

16-уми декабри соли равон Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони ВАО дар мавзӯи «Нақши ВАО дар инъикоси раванди интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» мизи мудаввар доир намуд.

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси КМИР нақши воситаҳои ахбори оммаро дар инъикоси ҷараёни интихоботи парлумонӣ муайян намуда, гуфт, журналистон бояд ҷараёни интихоботро тавре баррасӣ намоянд, ки объективона бошад.

Дар мавриди тарғибу ташвиқи барномаҳои номзадҳо ва муаррифии онҳо тариқи ВАО роҳбари Дастгоҳи КМИР Абдуманнон Додоев изҳор дошт, ки ба ҳар як номзад барои муаррифиаш дар яке аз шабакаҳои телевизионии давлатӣ 20 дақиқа вақти эфир ҷудо карда шудааст.

— Бо қарори КМИР аз 12-уми декабри соли равон барои намояндаҳои ҳизбҳои сиёсӣ 40 дақиқа дар яке аз телевизионҳои давлатӣ вақти эфир пешбинӣ шудааст. Инчунин, барои номзадҳои якмандатӣ тариқи яке аз шабакаҳои радио ва телевизиони давлатӣ 20 дақиқа вақти эфир ройгон ҷудо шудааст. Бо ҳамин қарор ҳизбҳои сиёсӣ, номзадҳо ба вакилӣ ва шахсони боэътимоди онҳо дар матбуоти даврии давлатӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ метавонанд маводи чопии ташвиқотиро дар ҳаҷми 8 саҳифаи чопии дуинтервалии компютерӣ, шрифти 14 ройгон нашр кунанд. Чун таҷрибаи пештара шурӯъ аз 5-уми декабр то 27-уми феврал силсилабарномаҳо тариқи радио ва телевизиони давлатӣ садо хоҳанд дод,- гуфт Додоев.

Инчунин, Шермуҳаммади Шоҳиён дар мавриди ифтитоҳи ҳамагӣ се нуқтаи овоздиҳӣ барои 1 миллион муҳоҷирони тоҷик дар Русия гуфт, ки ҳоло барои ташкили комиссияҳои интихоботӣ дар хориҷи кишвар шурӯъ накардаанд.

— Бояд қайд кард, ки комиссияҳои интихоботӣ дар хориҷи кишвар бо пешниҳоди Вазорати корҳои хориҷӣ сурат мегирад. Феълан мо ба ин кор шурӯъ накардаем. Маълумот дар бораи ифтитоҳи ҳамагӣ се нуқтаи овоздиҳӣ асос надоранд, зеро феълан иттилои дақиқе дар ин маврид нест,- мегӯяд Ш. Шоҳиён.

Ӯ гуфт, он оморе, ки гӯё беш аз 1 миллион муҳоҷири тоҷик дар Русия аст, дурӯғ мебошад: “Мувофиқи маълумоти мо, дар 11 моҳи соли равон аз Тоҷикистон 630 ҳазор нафар ба хориҷи кишвар сафар кардаанд, ки аз ин тақрибан 400 ҳазор нафарашон ба ватан баргаштаанд. Муҳоҷирони мо мавсимӣ сафар мекунанд. Чун интихоботи парлумонӣ 1-уми марти соли 2015 баргузор мешавад, дар ин вақт аксари муҳоҷирон ба Ватан бармегарданд ва озодона метавонанд дар интихобот ширкат варзанд».

Ҳамзамон, раиси КМИР ба суоли аз номзадҳои пешбаришуда чи гуна имтиҳон мегиранд, гуфт: “Мо номзадҳоро имтиҳон намегирем, танҳо қонунгузории интихобот муайян кардааст, ки номзадҳо ба вакилӣ бояд забони давлатиро донанд. Бо мақсади мушаххас кардани ин масъала, дастурамал барои муайян намудани сатҳи забони давлатӣ аз ҷониби номзадҳо ба вакилӣ таҳия ва тасдиқ кардем. Номзадҳо ба аъзогии Маҷлиси миллӣ ва номзадҳо ба вакили Маҷлиси намояндагон бояд тарҷумаи ҳолашонро ба забони давлатӣ нависанд. Як матне, ки КМИР омода мекунад, қироат мекунанд ва ҳам сӯҳбати шифоҳӣ сурат мегирад. Бо номзадҳо ба вакили вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳия ва ҷамоат бошад, танҳо сӯҳбат гузаронида мешавад”.

Ҳамзамон, раиси КМИР илова намуд, ки “мо ба номзадҳо ҳангоми санҷидани сатҳи забондонӣ баҳо намегузорем, балки муайян мекунем, ки номзадии ҳамон шахс ба вакилии Маҷлиси миллӣ ё намояндагон мувофиқ аст ё не. Агар номзад тарҷумаи ҳолашро бо забони давлатӣ навишта натавонад, он вақт мушкилӣ пайдо мешавад”.

Фарангис Набиева

http://faraj.tj/news/7460-sho1203ien-ba-vao-1206araeni-intihobotro-vo1179ebinona-inikos-kuned.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *