Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ширкати ҶСП «Телекомм техноложи»-ро барои вайрон кардани қонунгузорӣ дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар ҳаҷми 4 ҳазору 800 сомонӣ ҷарима баст.
Аз суди мазкур ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ширкат меъёрҳои моддаи 474-и Кодекси ҳуқуқвайронукунии маъмурии ҶТ (Вайрон кардани қонунгузорӣ дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ)-ро риоя накарда, ба маблаги 4 ҳазору 800 сомонӣ ҷарима шудааст Мурофиаи судӣ таҳти раёсати судя Ғайрат Сангинзода, раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт баргузор шудааст.
Ширкати «Телекомм техноложи» дар иҷро накардани талаботии қонунгузорӣ оид ба қоидаи паҳн кардани адабиёти дорои моҳияти динӣ дар баробари дигар предмет ва дигар маводи таъиноти динидошта бидуни хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ айбдор карда мешавад.
Директори генералии ҶСП «Телекомм техноложи» Гулмаҳмад Қаюмов дар мурофиаи судӣ дар ин робита баёнот додааст, ки ширкати фароҳамсози интернет бо ширкати қазоқистонии «Намба Медиа» қарордоди шарикӣ бастааст, ки ин ширкат дар торнамои «Телекомм Техноложи» маводи дорои хусусияти диниро паҳн кардааст.
http://news.tj/tj/news/shirkati-telekomm-tekhnolozhi-4800-somon-arima-shud