Робин Орд-Смит, сафири Бритониё дар Тоҷикистон дар ҷараёни пахши мустақими барномаи вижаи родиюи “Ватан” ба саволҳои шаҳрвандони ин кишвар посух хоҳад гуфт.
Барои нахустин бор аст, ки сафири як кишвар дар Тоҷикистон тавассути родиюи маҳаллӣ ба таври мустақим ба суолҳои шаҳрвандони кишвар посух хоҳад гуфт.
Бино ба иттилоъияи сафорати Бритониё дар Душанбе ин барнома соъати 10 субҳи рӯзи 13-уми феврал, ба муносибати Рӯзи Ҷаҳонии Родию сурат мегирад.
Дар ин иттилоъия омадааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҳоло метавонанд саволҳои худро ба оқои Орд-Смит тавассути занг задан ба истудиюи родию, ирсоли паёмакҳои телефунӣ ва ё навиштаи савол дар сафҳаи Фейсбуки сафорат дар миён гузоранд.
Дар ин иттилоъия сафири Бритониё омодагии худро барои посух гуфтан ба саволҳои марбут ба озодии баён ва расонаҳо, фаъъолиятҳои ин сафорат дар самти амният, беҳбуди вазъи зиндагонии мардум, ҳуқуқи башар ва омӯзишу парвариш дар Тоҷикистон “ва ҳатто дар бораи зиндагии хусусии худ” посух бигӯяд.
http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2013/02/130206_sq_rln_british_embassy.shtml