Шикояти вакили Усмонов ба Шӯрои расонаҳо аз хабарнигоре маҳаллӣ

[b]Вакили мудофеъи Урунбой Усмонов, хабарнигори боздоштшудаи Би-би-сӣ дар шимоли Тоҷикистон, дар номае ба раиси Шӯрои расонаҳои ин кишвар хостори арзёбии ахлоқии мақолаи як рӯзноманигор дар бораи муваккили зиндонии худ шудааст.[/b]

Файзинисо Воҳидова мегӯяд мақолае, ки дар сойти Pressa.tj дар бораи Урунбой Усмонов пештар чоп шуда буд, тавҳиномез аст ва дар он муаллиф бо баёни «дидгоҳҳои муғризона ва тӯҳматомези худ» ба обрӯву эътибор ва ҳуқуқ ва манофеъи қонунии оқои Усмонов, ки ҳоло дар боздошт ба сар мебарад, латма задааст.

Хонуми Воҳидова дар номае, ки рӯзи шанбеи 2 июл мунташир шуд, ин мақоларо «суфоришӣ» хонда ва аз Зинатулло Исмоилов, раиси Шӯрои расонаҳои Тоҷикистон хостааст, ки «рафтори ғайриқонунӣ ва ғайриахлоқии» муаллифи он дар Шӯрои расонаҳо аз назари ахлоқи рӯзноманигорӣ баррасӣ шавад.

Манобеъи огоҳ мегӯянд мақолаи «Урунбой Усмонов: Ман бо амири Ҳизби Таҳрир робита доштам», ки рӯзи шанбеи 18 июн дар сойти Pressa,.tj чоп шуда ва ба вокунишҳои мухалифе дар миёни рӯзноманигорон доман задаааст, ба Ленура Мустафаева, хабарнигори маҳаллӣ, таъаллуқ доштааст.

Худи хонуми Мустафаева, ки тавонистааст бо мусоъидати маъмурони амниятӣ дар вилояти Суғд бо оқои Усмонов қабл аз дидори вакили мудофеъаш бо ӯ мусоҳиба кунад, зоҳиран ин мавзӯъро таъйид карда, вале аз сӯҳбат бо хабарнигорон худдорӣ намудааст.

Вакили мудофеъи Урунбой Усмонов аз нависандаи мақола ба унвони «рӯзноманигоре, ки зиёд шинохташуда нест» ном бурда ва меафзояд, ки шояд барои мақомҳои амниятӣ чунин рӯзноманигоре лозим будааст, то ба ҳамкасбаш Урунбой Усмонов «беш аз фоида осеб» бирасонад.

Пештар хонуми Воҳидова хабар дода буд, ки дар бораи мақолаи чопшуда дар сойти Pressa.tj ба додситонии вилояти Суғд низ шикоят бурда ва умедвор аст, ки ин ниҳод ба ин мақола баҳои ҳуқуқӣ хоҳад дод. Вале то кунун маълум нест, ки додситонии вилояти Суғд дар ин бора чи тасмим гирифтааст.

Хонуми Воҳидова нависандаи ин мақоларо ба «тасарруфи салоҳияти додгоҳ» муттаҳам карда ва менависад, ки ин рӯзноманигори маҳаллӣ қабл аз он ки парвандаи оқои Усмонов ба додгоҳ биравад, алайҳи ӯ ҳукми худро содир кардааст.

Вай меафзояд: «Хонуми Мустафаева ба таври ғайриқонунӣ салоҳияти додгоҳро ба худ гирифта ва дар матлаби худ ҳукм содир мекунад ва рӯзноманигор У.Усмроновро дар ин ки вай гӯё бо душманони ислом дар ҳамсоягӣ мезиста ва ин ки душманони ислом пайвандони ӯ будаанд ва яке ҳам давраи маҳкумияти худро дар зиндон сипарӣ карда ва дувумӣ ҳамчунон зиндонист, муҷрим шинохтааст.»

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи хонуми Воҳидова, бар асоси ҳеҷ қонуне як фард масъулияти аъмоли пайвандони худро наметавонад ба ӯҳда дошта бошад. Вай меафзояд, ки қонуни хонаводаи Тоҷикистон танҳо волидонро масъули аъмоли фарзандони ноболиғашон медонад.

Вакили мудофеъи оқои Усмонов ҳамчунин хабарнигори Pressa.tj-ро ба мудохила дар умури хусусии муваккили худ муттаҳам карда ва мегӯяд, ки вай дар бораи зиндагии хусусии оқои Усмонов иттилоъ ҷамъоварӣ карда ва бидуни иҷозаи вай дар матбуъот интишор додааст.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи вай, ин иқдом бар асоси моддаи 144-и Қонуни кайфарии Тоҷикистон ҷиноят маҳсуб мешавад: «Ба назари шахсии ман, шумо ба дунболи эҳсосот будед ва мехостед ситораи матбуъот шавед ва ҳирси ин кор мӯҷиб шуд, ки шумо аз чорчӯби қонун фаротар қадам гузоред.»

Зимнан, Шӯрои расонаҳои Тоҷикистон ҳафтае пеш дар пайи дархости дафтари намояндагии Би-би-сӣ дар Тоҷикистон ба арзёбии ахлоқии ду мақолаи чопшуда дар сойти Pressa.tj ва дар нашрияи «Народная газета» дар бораи Урунбой Усмонов оғоз кардааст.

Шӯрои расонаҳо ҳануз натоиҷи арзёбии худро эълом накарда, вале нашрияи давлатии «Ҷумҳурият» низ рӯзи шанбеи 25 июн дар мақолае оқои Усмоновро «журналисти «таҳрир»-гаро» хондааст.

Ин нашрия иддаъо карда, ки оқои Усмонов аз соли 2009 ба узвияти созмони мамнӯъи Ҳизби Таҳрир шомил шуда ва «ба ташвиқу тарғиби ифротгароёнаи ин ҳизб дар шабакаҳои интернет» машғул будааст.

«Ҷумҳурият» ҳамчунин иддаъо кардааст, ки хабарнигори боздоштшудаи Би-би-сӣ дар ҳамкорӣ бо Шарифҷон Яъқубов — шахсе, ки «Амири Ҳизби Таҳрир дар Тоҷикистон» шинохта шудааст, бо Ато Абӯ ар-Рушта, амири кулли Ҳизбуттаҳрир дар Британияи Кабир иртиботи доимӣ дошта ва фаъолияти ҳизбро тибқи ҳидоятҳои ӯ «яке дар Душанбе ва дигаре дар Суғд» танзим мекардаанд.

Ин нашрияи давлатӣ меафзояд: «Урунбой Усмонов имкониятҳои худро аз мавқеъи бахши ӯзбекии радиои Би-би-сӣ барои паҳн намудани ғояҳои таҳрирӣ истифода мебурдааст. Чунончи, ӯ ду китоби «Субҳи хилофат»-ро аз Шарифҷон Яъқубов гирифта, порчаҳои онро тавассути барномаҳои радио пахш кардааст.»

Нашрияи «Ҷумҳурият», ки мавзеъи расмии давлати Тоҷикистонро бозтоб медиҳад, ҳамчунин а вокуниши сафорати Бритониё ва
Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон ба боздошти оқои Усмонов башиддат интиқод карда ва гуфтааст, ки «онҳо ба шитобкорӣ роҳ доданд, дар ҳоле ки бояд хулосаи мақомоти тафтишотиро интизор мешуданд».

Нависандаи ин матлаб, ки худро «Шарифҷон Салимӣ, рӯзноманигор» муъаррифӣ мекунад, дар бораи вокуниши Тревор Мур, сафири Бритониё дар Душанбе, ба ин қазия менависад: «Намояндаи кишваре, ки волоияти қонунро дар мамлакати ӯ аз ҳама боло медонанд, чаро дар давлати дигар озодии бечунучарои шахсеро тақозо дорад, ки хилофи қонунҳои амалкунанда рафтор кардааст?»

Вай меафзояд: «Наход танҳо барои он ки ӯ хабарнигори радиои Би-би-сӣ мебошад? Ва ё ба хотири он ки қароргоҳи асосии ин ҳизби тундгаро дар Лондон ҷойгир аст?»

Нашрияи «Ҷумҳурият» дар бораи вокуниши Иттиҳодияи рӯзноманигорон ҳам менависад: «Намедонам, шояд онҳо низ аз Тревор Мур дастур гирифтанд ё дар андешаи онанд, ки журналист ҳеч гоҳ ҷинояткор намешавад?»

Чопи ин мақола дар ҳолест, ки шабакаи хабарии Би-би-сӣ, худи оқои Усмонов, аҳли хонавода ва вакили мудофеъи вай ин иттиҳомотро бакуллӣ рад карда ва гуфтаанд, ки ӯ бо Ҳизби Таҳрир ҳеч иртиботе надорад.

Қаблан Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеъи Урунбой Усмонов, эълом карда буд, ки дар ҷараёни тафтишот ва бозҷӯйиҳои чанд рӯзи ахир собит шудааст, ки вай ҳаргиз узви Ҳизби Таҳрир набуда ва иттиҳоми узвият алайҳи ӯ лағв шудааст.

Хонуми Воҳидова ин суханонро рӯзи сешанбе пас аз дидори намояндагони Би-би-сӣ бо Урунбой Усмонов дар идораи амнияти вилояти Суғд дар ҳузури кормандони амниятӣ ва ду хабарнигори маҳаллӣ низ такрор кард ва маъмурони амниятӣ низ ин нуктаро таъйид карданд.

Аз сӯйи дигар, раҳбарони Сервиси Ҷаҳонии Би-би-сӣ эълом кардаанд, ки Урунбой Усмоновро комилан бегуноҳ медонанд ва аз давлати Тоҷикистон мехоҳанд, ки ӯро фавран озод кунад.

Би-би-сӣ ҳамчунин иқдоми бархе аз расонаҳои давлатию хусусиро, ки қабл аз ба додгоҳ рафтани қазия оқои Усмоновро «ифротагро» ва «узви Таҳрир» хондаанд, башиддат маҳкум карда ва гуфтааст, ки ин иқдомот бо асли бароат (презумпсия невиновности), ки дар моддаи 20 Қонуни асосии Тоҷикистон ва дар моддаи 11 Эъломияи ҳуқуқи башар сабт шуда, комилан муғоир аст.

Ҳарчанд Питер Ҳорокс, раиси Сервиси Ҷаҳонии Би-би-сӣ, ахиран дар номае ба Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, хостори мусоъидат ба озодии беқайду шарти оқои Усмонов шудааст, вале оқои Раҳмон то кунун ба ин нома ва дархости аъзои хонаводаи оқои Усмонов посухе надодааст.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/07/110702_ea_vahidova_usmanov.shtml

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *