Директори Намояндагии «Кюнет » дар Тоҷикистон Маҳмудов Саидҳомид бо ирсоли як аризаи шикоятӣ ба раҳбари Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон Қироншоҳ Шарифзода хостори татбиқи Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар барномаи субҳгоҳии радиои «Имрӯз» бо ширкати Орзу Исоев шудааст.
Муаллиф навиштааст, ки ҳадафи ин ариза “мунсифона баррасӣ намудан ва баҳогузорӣ кардан ба барномаи субҳгоҳии Орзу Исоев, муҷрии радиои «Имрӯз» аст, ки аз ибтидои моҳи июн, дақиқтараш аз 2-юми июн инҷониб дар бораи ширкати «Qnet» барномаҳои мустақил ташкил намуда истодааст. Мо бар онем, ки ин муҷрӣ дар барномаҳояш кору фаъолияти ширкати моро якҷониба ва ғаразнок баҳогузорӣ намуда, хилофи Конститутсия (Сарқонун)-и Тоҷикистон ҳукмҳои бидуни асос нисбат ба фаъолияти мо мебарорад.
Инчунин, хилофи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар ВАО» аз озодии сухан сӯистифода намуда, ӯҳдадориҳои рӯзноманигорро нодида мегирад. Бар замми ин, дар барномаҳояш бандҳои мушаххаси Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистонро, ки аз ҷониби Шӯро қабул шудааст, дағалона вайрон мекунад”.
Муаллифи нома дар идома барои возеҳу рушан нишон додани масъала чанд нуктаро зикр кардааст.
Аз ҷумла, вай менависад, ки “барномаҳо яктарафа, бо вайрон кардани одоби касбии журналистӣ ва танқидҳои беасос мустақиман пахш мешаванд. Аз ҷумла муҷрии барнома ҳукм мекунад, ки фаъолияти ширкати мо пирамидавӣ буда, хилофи моддаи 260-и Кодекси ҷиноятӣ соҳибкории сохта мебошад. Дар ин ҷо вазифаи ҳакамии судро ба худ мегирад».
Муаллифи нома дар идома ин нуктаро шарҳ додааст, ки «намояндагии ширкат дар Тоҷикистон расман фаъолият дошта, аз ҷониби Вазорати адлияи Тоҷикистон таҳти № 3 НФ 481 аз 13-уми марти 2008 ба қайд гирифта шудааст. Инчунин, аз соли 2008 инҷониб аз тарафи мақомоти зиддахли кишвар, аз ҷумла аз ҷониби шӯъбаҳои корҳои дохилӣ дар ноҳияҳо, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Прокуратураи генералӣ чандин бор мавриди таҳқиқу тафтиш қарор гирифтааст. Дар фаъолияти ширкат ягон амали ғайриқонуниро надидаанд».
Дар нома гуфта мешавад, ки «Орзу Исоев бидуни таҳқиқ ва омӯзиш сарфи назар кардани обективӣ будани журналист барномаҳояшро нисбат ба фаъолияти ширкати мо омода мекунад. Ў ҳамчун журналист метавонад, бо ирсол намудани дархости журналистӣ аз мақомоти дахлдор дар бораи ширкати мо маълумот гирад. Аммо ин амалро намекунад. Ва бидуни таҳқиқ мегӯяд, ки ширкат андоз намесупорад ва маҳсулоташ бидуни супоридани боҷи давлатӣ ба Тоҷикистон ворид мешавад. Ин гуфта, комилан хато ва бидуни далел мебошад. Чунки беш аз 100 намояндаи мустақили ширкат Шаҳодатнома барои фаъолияти соҳибкорӣ дошта, аз даромади худ андоз месупоранд. Ва ҳар маҳсулоти ширкат, ки ба Тоҷикистон ворид мешавад, аз ҷониби мақомоти гумрук ба расмият дароварда шуда, боҷу андози гумрукӣ пардохт карда мешавад».
Муаллифи нома бар ин назар аст, ки муљрии «барнома умуман дар бораи ширкати мо ва фаъолияти «тиҷорати шабакавӣ» маълумот надорад, инчунин дар рафти барнома нишон дод, ки саводи миёна аз фанни ҷуғрофиё низ надорад. Ў «тиҷорати шабакавӣ»-ро «савдои интернетӣ» медонад. Дар бораи дафтарҳои ширкат дар кишварҳои ҷаҳон умуман шунидан ва қабул кардан намехоҳад. Ин аст, ки сар-сарӣ муносибат карда, мегӯяд, ки «Гонкок пойтахти Бангкок аст». Ҳамин маълумот худ гувоҳӣ он аст, ки Орзу Исоев то куҷо саводи кофӣ дорад!?
Дар барномаҳояш зиёд аз қиммати маҳсулоти ширкати «Qnet» ҳарф зада, чунин хулоса мекунад, он арзише надошта, ҳатто даркор шавад, ширкат рӯзи дигар маҳсулоти дигарро ба фурӯш мебарорад. Ширкатро ба қаллобӣ ва фиребгарӣ мутаҳҳам мекунад. Дар барномааш байни мафҳумҳои ақида, далел (факт) ва гумону тахмин фарқ гузошта наметавонад. Ба дурӯғгӯӣ роҳ дода, аз истифодаи гипноз аз ҷониби ширкат ҳарф мезанад. Ба ғайримутахассисон имкон медиҳад, ки зимни пахши мустақим оид ба шахсиятҳои алоҳида ба шунавандагон хулосаи равонӣ диҳанд”.
Сайидҳомид Маҳмудов дар идомаи нома равиши таҳияи барномаи муљрӣ Орзу Исоевро ғайрикасбӣ мехонад ва менависад, ки “баранда иштирокчиёни барномаро зидди якдигар шуронида, худаш ҷониби нафари ба ном ҷабрдидаро мегирад. Магар ин амал хилофи меъёрҳои ахлоқии журналистӣ ва ба инобат нагирифтани тавозуни назарҳо нест? Инчунин, ҳангоми зангҳои телефонӣ аз ҷониби онҳое, ки мехоҳанд ҳарфи мусбат дар бораи ширкат гӯянд, ба хушӣ қабул надорад ва зангҳоро хомӯш мекунад. Зимни пахши мустақим ба нафарони бесалоҳият имкон медиҳад, ки дар бораи нафарони сеюм, аз ҷумла раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ Маҳмадсаид Убайдуллоев гумону тахминҳои беасосро паҳн кунанд”.
Муаллифи нома нигоштааст, ки “тибқи Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон журналист бояд рисолати касбиро қурбони аҳдофи тиҷорат накунад. Дар ВАО фаъолияти эҷодӣ аз фаъолияти тиҷоратӣ ва реклама ҷудо буда, матолиб набояд таҳти таъсири шахси сеюм ё манфиати журналист қарор гирад. Аммо ба хубӣ дида мешавад, ки дар барномаи Орзу Исоев дар радиои «Имрӯз» ин меъёр сарфи назар мешавад. Чаро? Тавре маълум барнома мустақиман пахш гардида, шунаванда бояд ба таври мустақим дар тамос шавад. Ҳар дақиқаи занг задан (!) 1,7 сомонӣ мебошад. Дар ҳамон дақиқае, ки гудок меравад, ҳисоб оғоз мешавад. Ба иттилои худи “Имрӯз” ба ин барномаҳо гуё беш 800 занг шудааст. Аз нигоҳи мо, маҳз манфиати иқтисодӣ муҷрии барномаро таҳрик медиҳад, ки ҷонибҳои баҳсро зидди ҳам шӯронад, то миқдори зангҳо зиёд шавад. Магар ин нуктаҳо зидди банди “Подош ва Имтиёз”-и Меъёрҳои журналистӣ нест? Чаро журналист эълон намекунад, ки занги телефонӣ ба Имрӯз чунин қиммат дорад?!»
Сарвари Кюнет дар идома мутмаъинан мегўяд, ки радиои «Имрўз» маълумоти саҳеҳ дар бори ин ширкат надорад: «Мувоффиқи моддаи 6-и Қонун «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар ВАО» «Воситаҳои ахбори омма барои объективӣ будан ва саҳеҳии ахбори аз ҷониби онҳо паҳншаванда ҷавобгаранд» мутмаин ҳастем, ки аксари маълумоти аз ҷониби радиои «Имрӯз» нисбат ба ширкати мо паҳн гардида, саҳеҳ нест. Журналист дар бораи ширкати мо ва тарзи фаъолияти он маълумоти кофӣ надорад. Орзу Исоев ба он такя мекунад, ки соли 2006 ӯро ба ин ширкат даъват карда будаанд. Аз он вақт 8-сол сипарӣ гардидааст, журналист ҳоло ҳам ба ҳамон вохӯриаш такя мекунад. Аммо барои саҳеҳ будан, ё набудани иттилои пахш мекардааш, бо намояндагони расмии ширкат муроҷиат намекунад. Ширкати онҳоро дар барномаҳо таъмин намекунад.
Бо такя ба ин гуфтаҳо ва дигар нуктаҳое, ки дар барномаи субҳгоҳии Орзу Исоев дар радиои «Имрӯз» дар бораи ширкати мо пахш гардид, мо бар ин ҳастем, ки журналист пеш аз ҳама дағалона меъёрҳои Конститутсия (Сарқонун)-и кишварро вайрон кардааст.
Аз ҷумла, ин амалҳои ӯ бо истифода аз минбари радио барангехтани «хусумати иҷтимоӣ»-ро мемонад, ки моддаи 30-и Конститутсия маҳкум мекунад. Ҳамчунин, тибқи Конститутсия ҳеч кас ҳуқуқ надорад, ки то ҳукми суд фаъолияти нафареву ширкатеро ғайриқонунӣ донад. Меъёрҳои Қонуни ҶТ «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар ВАО» аз ҷумла моддаи 6 (сӯистифода аз озодии сухан), моддаи 29 (ӯҳдадориҳои журналист) ва ғайра нодида гирифта шудаанд. Ва Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон умуман мавриди таваҷҷӯҳи журналист қарор нагирифтааст.
Бинобар ин, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш мекунем, ки татбиқи Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистиро дар барномаи субҳгоҳии радиои «Имрӯз» таъмин намуда, масъалаи мазкурро дар наздиктарин ҷаласаи Шӯро мавриди баррасӣ қарор диҳед”,- омадааст дар хотимаи номаи Сайидҳомид Маҳмудов, Директори Намояндагии дорои масъулияти маҳдуди «Кюнет» ба Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон.
Хотирнишон мекунем,ки Шӯрои ВАО як ниҳоди ҷамъиятии худтанзими журналистӣ мебошад, ки иҷрои меъёрҳои ахлоқи журналистиро ба уҳда дорад.
http://www.tojnews.org/shikoyati-rahbari-qnet-az-tahojumi-ittilooti-imruz-ba-shuroi-vao