Шикояти номзади ҲНИТ-ро КМИР ба Шабакаи аввал ирсол намуд

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар робита ба аризаи Саидиброҳими Назар, номзад ба вакилии МН МО ҶТ аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Кӯлоб № 37 оиди қайчӣ кардани барномааш дар Шабакаи аввал ба унвони Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси КМИР аризаи шикоятӣ намуда буд, ки ин ниҳод дар ҷавоб гуфтааст: «оиди ин масъала мактуби расмӣ ба ТВТ ирсол карда шуд».

Ёдрас мекунем, ки узви Шӯрои сиёсии ҲНИТ Саидиброҳими Назар, номзад ба вакилии МН МО ҶТ аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Кӯлоб рақами 37 оид ба қайчӣ кардани барномааш дар Шабакаи аввал ба унвони Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси КМИР бо аризаи шикоятӣ муроҷиат кард.

Саидиброҳими Назар дар ариза зикр карда буд, ки рӯзи 16 феврал ӯ тариқи Шабакаи якуми Телевизиони Тоҷикистон суҳбати 20 дақиқаи худро анҷом дода, аммо,  телевизион шоми ҳамон рӯз суҳбаташро ба муддати 14,5 дақиқа пахш ва миқдори 5,5 дақиқаи онро бе ризояти ӯ буридааст.

Дар ариза аз раиси КМИР хоҳиш шуда буд, ки сабаби кам кардани вақти кунунии барои номзадҳо ҷудошуда муайян ва вақти истифоданакардаи ӯ тибқи қонун ҷудо карда шавад.

http://news.tj/tj/news/shikoyati-nomzadi-nit-ro-kmir-ba-shabakai-avval-irsol-namud

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *