Рӯзномаи “ИмрӯзNews” барои роҳ надодани хабарнигори ин нашрия ба нишасти матбуотии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба Дастгоҳи иҷроияи президент шикоят бурдааст.
Дар аризаи шикояти “ИмрӯзNews” аз Дастгоҳи иҷроияи президент дархост шудааст то амали масъулони Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистонро шарҳу тавзеҳ диҳад.
Назири Нусрат, сармуҳаррири рӯзномаи “ИмрӯзNews” мегуяд, -ин амале, ки масъулони Хадамоти муҳоҷират нисбат ба хабарнигорони нашрияҳои мо — рўзномаи «ИмрўзNews» ҳафтаномаву хабаргузории «Озодагон» карданд, боиси нигаронии шадиди мо гардид. Тибқи қонун мактуб кардем ба Дастгоҳи иҷрояи президент оиди ин амалӣ хадамот.
Ҳамчунин, вобаста ба ин амали масъулони Хадамоти муҳоҷират ҳафтаномаи «Озодагон» низ ба суд шикоят бурданист.
Ёдрас мешавем, ки димрӯз, 31-уми январ дар нишасти матбуотии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон хабарнигоронро намояндагони хадамот тибқи рӯйхат роҳ дода, журналистони рӯзномаи “ИмрӯзNews” ва ҳафтаномаҳои ”Озодагон”, ”Фараж” ва нашрияи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон — “Наҷот” ба ин нишаст роҳ наёфтанд.
Бино ба иттилои хабарнигорон раиси Хадамоти муҳоҷират Сафиалло Девонаев номи бархе аз хабарнигорони ин нашрияҳоро аз рӯихати даъватшудагон хат задааст
“ИмрӯзNews” танҳо нашрияи ҳаррӯза дар Тоҷикистон мебошад.
http://www.tojnews.org/shikoyati-imruznews-ba-dastgohi-ijroiyai-prezident