Аксбардори собиқи президенти Тоҷикистон Геннадий Ратушенко даъво дорад, ки Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқҳои ӯро поймол кардааст ва аз суд барои поймол шудани ҳуқуқҳояш дар ҳаҷми 140 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарар хостааст.
Дар аризаи Геннадий Ратушенко, ки моҳи апрели соли ҷорӣ ба Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ирсол гардидааст, гуфта шудааст: “Ҳамчун суратгири машҳури Тоҷикистон, моҳи июни соли 2011 маро муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кислякова Л. П. барои муҳокимаи имконияти аз ҷониби ман пешниҳод шудани хизматрасонии аксбардорӣ даъват намуд. Бинобар баргузор намудани Намоиши байнидавлатӣ дар шаҳри Москва бахшида ба 20-солагии ИДМ таҳти унвони «20-солагии ИДМ: Имкониятҳои нави ҳамкорӣ», ки гузарондани он аз 28.06.2011 то 03.07.2011 дар намоишгоҳи шаҳри Москваи Федератсияи Россия ба нақша гирифта шуда буд, Кислякова Л. П. иброз намуд, ки ба омода намудани лавҳаҳои (плакатҳо) сатҳи касбӣ зарурат ба миён омадааст. Кислякова Л. П. ҳамчун муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахси масъул маро боварӣ кунонд, ки ҳаққи кори ман мувофиқи нархгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда мешавад. Кори иҷрошударо Кислякова аз ман дар CD-диск, ки дар он расмҳои омодашуда сабт шуда буданд, гирифта, ба Москва ба намоиш фиристод. Дар намоиш расмҳо ва лавҳаҳои мавзӯии омоданамудаи ман ба намоиш гузошта шуданд. Аммо ҳангоми пешниҳод намудани ҳисобварақа (счет-фактура) барои иҷрои корҳо шартномаи муаллифӣ имзо карда нашуд”.
Ӯ ҳамчунин дар аризааш таъкид медорад, ки бо назардошти индексатсияи музди меҳнати кормандони соҳаи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 20% маблағи шартномаи муаллифӣ аз рӯи фармоиши мазкур айни замон 48 984 (чил ҳазору нуҳсаду ҳаштоду чор) сомониро ташкил медиҳад: “Илова бар ин, аз лаҳзаи аз ҷониби ман пешниҳод шудани хизматрасониҳо 7 сол сипарӣ шудааст ва мутобиқи моддаи 29 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» ман ҳуқуқ дорам аз тарафе, ки уҳдадориҳои худро аз рӯи шартномаи муаллифӣ иҷро накардааст ҷуброн намудани товони зарар, аз ҷумла фоидаи аз даст рафтаро талаб кунам”.
Ин аккоси машҳур аз суд хоҳиш кардааст, ки товони маблағи шартномаи муаллифӣ барои иҷрои фармоиш, бинобар иҷро нашудани уҳдадориҳо аз рӯи шартномаи хизматрасонӣ маблағи фоидаи аз даст рафта, бинобар поймол шудани ҳуқуқҳои муаллиф, товони зарар барои расонидани зарари маънавӣ, барои пардохти ҳаққи хизматрасонии адвокат ҷамъ ба малағи 140 000 сомонӣ аз ҳисоби Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯёнида шавад.
Елена Камолова, намояндаи Геннадий Ратушенко, ки аз тарафи ТҶ “Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон” ҷалб гардидааст, мегӯяд: “Парвандаи шикоятии зерҳимояи ман дар Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе зери баррасикунанда Хайрулло Ҳабибуллозода қарор дорад. Ва эҳтимол аст ба наздикӣ баррасии парванда аз сар гирифта шавад”.
http://faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/16776-shikoyati-aksbardori-sobi-i-prezident-ba-sud.html