ШИКОЯТИ ҚАМАРИ АҲРОР АЗ БОЛОИ ҚАРОРИ СУДИ ШАҲРИ ХУҶАНД

Қамар Аҳрор, хабарнигори Оҷонси иттилоотии TojNews аз болои қарори Суди шаҳри Хуҷанд ба Суди вилояти Суғд шикояти кассатсионӣ бурдааст.

Бино ба иттилои Файзинисо Воҳидова, вакили дифоъи хабарнигор онҳо аз Суди вилояти Суғд дархост кардаанд, то қарори Суди шаҳри Хуҷанд дар бораи ҷарима кардани хабарнигор бекор карда шавад.

29-уми октябр Суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Қамари Аҳрорро «барои итоат накардан ба амри полис» 120 сомонӣҷарима кард.

Ин хабарнигор гуфт, ки судя Ҷӯрахон Раҳмонов бо вуҷуди пешниҳод кардани дархост ва меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон дар соҳаи ВАО қарори ҷирима шудани хабарнигорро содир кард ва пешниҳодҳои хабарнигор ва вакили дифои ӯ Файзинисо Воҳидоваро ба инобат нагирифт.

6-уми август Қамари Аҳрор аз ҷониби кормандони ШКД-и шаҳри Хуҷанд, ҳангоми иҷрои вазифаи касбии журналистӣ ғайриқонунӣ барои се соат боздошт ва мавриди пурсуҷӯ қарор гирифт.

Хабарнигор Қамари Аҳрор (Амаков) дар ҳоле боздошт шуд, ки аз ҷараёни Мусобиқаи байналмилалии бокс, барои дарёфти Ҷоизаи ба номи Исмоил Ҳамзаалиев, навор мегирифт.

Раҳбарияти созмони ҷамъиятии «ИНДЕМ», ки муассиси оҷонси Тоҷнюс мебошад, аз мавқеъи хабарнигор ҷонибдорӣ карда, ҳалномаи судро ғайриқонунӣ номида буд.

http://www.tojnews.org/shikoyati-gamari-ahror-az-boloi-garori-sudi-shari-khujand

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *