Корбарони интернет сатҳи хидматрасонии ширкатҳои интернетрасон дар Тоҷикистонро дар портали geek.tj ба баҳс кашидаанд.
Зоҳиран бештари муаллифони ширкаткунандагони баҳс аз Тоҷикистон буда, бо забони инглисӣ менависанд. Корбаре бо номи Суҳроб аз хонандаҳои форум суол кардааст, ки муштарии кадом ширкати интернетрасон дар Тоҷикистон ҳастанд ва аз хидматрасониҳои кадом хадамот хушашон меояд? Дар миёни даҳҳо посух аксарият нисбат ба ширкатҳои интернетрасон назари интиқодӣ доштаанд.
Ин корбар нигоштааст, ки чанде пеш муштарии “Сатурн Онлайн” буд. Тибқи навиштаи ӯ, “Сатурн Онлайн” нахустин шуда, дар Тоҷикистон интернети бидуни маҳдудиятро бо пардохти нисбатан кам (маблағе муодил ба 30 доллар дар моҳ) пешниҳод кард, аммо имрӯз ки хидматрасонии ширкат мушкилоти зиёд дорад, бисёре аз муштариёнаш аз он даст кашидаанд.
Корбаре дигар бо тахаллуси “ВебТеорӣ”, ки муштариии Телеком Технолоҷӣ будааст, навиштааст, ширкатҳои Тоҷикистон чунин тасавуре дар зеҳни одам ҷо медиҳанд, ки гуё намехоҳанд, ки интернет дар Тоҷикистон рушд бикунад.
Ҳамзамон, Абуамр навиштааст, ширкатҳои ироагари интернет дар Тоҷикистон интенетро бо суръати кам ва бо нархи гарон мефурӯшанд. Нархи гарон ва қатъи зуд-зуди интернет аз шикояти асосии корбаронро дар бар мегирад.
Ҳудуди 95-и бозори мухобиротии Тоҷикистонро ширкатҳои хусусӣ фаро гирифтаанд.
Фишурдаи шикоят ва назарҳои корбарон бар он аст, ки суръати интернети ин ширкат паст буда, доимӣ нест ва пайвастшавии муназзами интернет вуҷуд надорад. Дар баробари ин, хизматрасонӣ ба муштариён ва ҳалли мушкилоти мавҷуда ба талаботи муштариён ҷавобгӯ нест. Бартарафсозии мушкилот вақти зиёд гирифта, чораҳо аксаран таъсири муваққатӣ доранд.
http://www.tojnews.tj/tj/news/shikoyat—az—narhi—garonu—hadamoti—pastsifati—internet—dar—tochikiston