«Шеваи бархурд бо хабарнигори Би-би-сӣ нақзи қонунҳои Тоҷикистон ва &#

Бунгоҳи Суханпарокании Бритониё (Би-би-сӣ) бо интишори баёнияе ҷадиде дар робита ба боздошти Урунбой Усмонов, хабарнигори худ дар вилояти Суғди Тоҷикистон маҳрумияти ӯ аз тамос бо вакили мудофеъ ва хонаводаашро нақзи қавонини Тоҷикистон ва мавозини ҳуқуқии байналмиллалӣ хондааст.Дар ин баёния, ки имрӯз душанбеи 20 июн мунташир шуд, омадааст: «Як ҳафта аз боздошти Урунбой Усмонов,ҳамкори мо тавассути хадамоти амниятии Тоҷикистон мегузарад. Дар пайи он Би-би-сӣ бо интишори баёнияе ба таърихи 14 июн ин иқдомро маҳкум кард ва тақозо кард ӯ фавран озод шавад.»

Ин созмон мегӯяд бо вуҷуди интишори баёнияҳои мушобеҳе тавассути Сафоратҳои Бритониё ва Омрико дар Тоҷикистон ва созмонҳои дигари муътабари байналмиллалӣ мақомоти Тоҷикистон на танҳо ба онҳо посух надодаанд, балки тайи як ҳафтаи гузашта ӯ аз тамоси муназзам ва сиррӣ бо вакили мудофеъ ва иҷозаи мулоқот бо хонаводаи худ ва ҳамкоронаш маҳрум будааст, ки ин амр муғоийири мафоди қонунҳои Тоҷикистон ва меъёрҳои ҳуқуқии байналмиллалӣ аст.

Би-би-сӣ менависад мусоҳибаи ахире, ки ниҳодҳои амниятӣ бо ӯ созмон додаанд ва нашри мақола ба дунболи ин мусоҳиба дар Пресс.тҷ ба таърихи 18 июн , ки хабарнигори Би-би-сиро муттаҳам ба узвият дар Ҳизбуттаҳрир мекунад, намунаи нақзи қавонини тафтишу таҳқиқ ва асли бароат (презумпция невиновности) аст.

Бунгоҳи Суханпарокании Бритониё дар ин баёния афзудааст: «Мо қотеъона таъкид мекунем, ки ин иддаъоҳо беасосанд ва Би-би-сӣ онҳоро таҳдиде ба рӯзноманигории ҳирфаӣ ва озодии баён дар Тоҷикистон медонад.»

Би-би-сӣ мегӯяд Урунбой Усмонов ба унвони рӯзноманигори Би-би-сӣ бояд тамоми ҷавониби ҳар мавзуъро пӯшиш бидиҳад ва банобар хусусиёти пешаи худ табиъӣ аст, ки ӯ бо афроди дорои тамоми ашколи дидгоҳҳо мулоқот кунад ва бо онҳо мусоҳиба анҷом бидиҳад ва ин як амри муҳим аст, ки рӯзноманигорон битавонанд озодона ва бидуни бим аз эҳтимоли ҳарос ва озор дар бораи ҳар ниҳоде гузориш бидиҳанд.

Дар баёнияи худ ин расонаи байналмилалӣ аз эмании оқои Усмонов изҳори нигаронӣ кардааст ва навиштааст ӯ аз мушкилоти қалбӣ ранҷ мебарад ва ниёз ба дармон дорад ва хонаводаи ӯ аз вазъи саломати ӯ ва эҳтимоли рафтори су бо ӯ дар боздоштгоҳ шадидан нигарон ҳастанд.

Дар ин баёния аз ҳамаи афроду созмонҳое ки тавони таъсир ба вазъ дар робита ба боздошти оқои Усмоновро доранд хоста шуда бар талошҳои худ биафзоянд то муваффақ шаванд мақомоти Тоҷикистон ин хабарнигорро озод кунанд.

Ин дар ҳоле аст, ки пеш аз интишори ин баёния гурӯҳе аз хабарнигорон ва ҳаводорони Урунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ да вилояти Суғди Тоҷикистон бо баргузории таҷаммуъи эътирозӣ дар баробари сафорати ин кишвар дар Ландан хостори озодии ӯ аз боздошт шудаанд.

Онҳо рӯзи душанбеи, 20 июн дар муқобили сохтмони сафорат дар ҳоле ки дар даст тасовири оқои Усмоновро доштанд шиъор медоданд «Урунбойро озод кунед.»

Муътаризин дар муқобили сохтмони сафорати Тоҷикистон дар Ландан мегуфтанд боздошт кардани хабарнигори Би-би-сӣ дар Тоҷикистон нишонаи дигаре дар ҷиҳати маҳдуд сохтани озодии баён дар ин кишвар аст ва шиъор медоданд «Аз ҳамла ба расонаҳои мустақил даст бардоред».

Онҳо дархости катбии худро барои озодии Урунбой Усмонов ба сафорати Тоҷикистон ироа карданд.

Таҷаммуъ дар муқобили сафорати Тоҷикистон дар Ландан дар пайи афзоиши фишорҳои байналмиллалӣ ба давлати Тоҷикистон дар робита ба боздошти оқои Усмонов сурат мегирад.

Созмони Афви Байналмиллал, аз созмонҳои умдаи дифоъ аз ҳуқуқи башар низ имрӯз гуфтааст ба чанд далел аз боздошти оқои Усмонов нигарон аст.

Анна Сандер Пассман намояндаи ин созмон, ки масоили Тоқикистонро дунбол мекунад, ба Би-би-сӣ гуфт яке аз ин далоил иддаъои бадрафторӣ бо оқои Усмонов ба ҳангоми боздошт аст. Далели дигари нигаронии ин созмон маҳрумияти оқои Усмонов аз хадамоти ҳуқуқии муносиби фаврӣ унвон шудааст ва далели дигар ҳам иттиҳомоти ворида хонда шудааст.

Ин созмон мегӯяд иддаъоҳои мунташир шуда, ки ин иттиҳомот сохтагӣ аст ва агар ин игуна иддаъо собит шавад созмони Афви Байналмиллал уро зиндонии сиёсӣ хоҳад донист.

Ин созмон афзудааст шуморе аз аснодро дар ихтиёр дорад, ки тибқи онҳо боздоштшудгон дар Тоҷикистон аз дастрасӣ ба вакили мудофеъ маҳрум будаанд. Дар ҳоле ки қавонини Тоҷикистон чунин ҳақро ба атбоъи ин кишвар додаанд, аммо дар амал дастрасии афрод ба вукалои мудофеъ ба лутфи бозрасон марбут аст.

Ба гуфтаи ин созмон айни ҳолат дар робита ба боздошти оқои Усмонов мушоҳида мешавад.

Созмони Афви Байналмилал ҳамчунин таҳқиқотеро анҷом додааст, ки бар мабнои он шиканҷа ва бадрафторӣ бо боздоштшудагон дар Тоҷикистон дар мароҳили ибтидоии боздошт сурат мегирад ва шавоҳид аз афроди таҳти бозрасӣ бо истифода аз бархурди хашин ба даст оварда мешавад.

Ин созмон мегӯяд ба ҳамин далел ҳам аз иддаъоҳо дар бораи вуҷуди зарбу шатм ба ҳангоми боздошти ин хабарнигори Би-би-сӣ нигарон аст ба ҳамон андозае ки дар мавриди иддаъоҳои сохтагии иттиҳомот алайҳи ӯ нигарон аст.

Ин дар ҳоле аст ки Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеъи оқои Усмонов низ аз вазъи сломати муваккилаш низ изҳори нигаронӣ карда ва гуфтааст аз хонаводааш хостааст аснодеро дар робита ба вазъи саломати ӯ дарёфт ва таҳия кунанд то бар мабнои онҳо аз додситон бихоҳад ӯро бо қайди васиқа озод кунанд.

Ҳамчунин хонуми Воҳидова ишораҳое ба эҳтимоли мавриди бархурди хашин қарор гирифтани муваккилаш кардааст.

Пештар аз ин сафоратхонаҳои кишварҳои Иттиҳодияи Урупо дар Тоҷикистон низ аз мақомоти Тоҷикистон хостанд дар робита ба боздошти оқои Усмонов мавозини ҳуқуқии байналмилаллиро риоят кунанд.

Иттиҳодияи Урупо, ки муташакил аз 27 кишвари узв аст, бузургтарин кумакрасони байналмиллӣ аст. Аз соли 1992 бад-ин сӯ Иттиҳодияи Урупо ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 500 миллюн юру кумак ворид кардааст

Фишорҳои байналмилалӣ дар робита ба боздошти хабарнигори Би-би-сӣ дар Тоҷикистон дар ҳоле афзоиш меёбад, ки давлати ин кишвари фақиртарин дар Осиёи Миёна барои иҷрои тарҳҳои рушди иқтисодӣ ба кумаки сармоягузорони хориҷӣ шадидан инёз дорад ва талош мекунад равобити худ бо кишварҳои Урупоиро тақвияти бештар диҳад.

Урунбой Усмонов ба таърихи 13 июн пас аз поёни кор нопадид шуд ва як рӯз баъд дар ҳамроҳӣ бо маъмурони амниятӣ дар манзили худ зоҳир шуд. Пас аз бозҷӯии манзилаш маъмурони амниятӣ ӯро бо худ бурданд ва маълум буд, ки ӯро боздошт кардаанд.

Масъулини амниятии Тоҷикистон ӯро ба ширкат дар созмони ифротии мамнуъ муттаҳам кардаанд, чизеро ки ӯ пас аз шаш рӯзи боздошт дар нахустин мулоқот бо вакили мудофеъ комилан рад кардааст.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/06/110620_l16_urinboy_tajikistan_embassy.shtml

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *