Қироншоҳ Шарифзода, Раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон хостааст, ки бо ворид намудани тағйирот дар қонунгузорӣ ҳолати (статуси) журналист дар раванди мурофиаҳои ошкорои судӣ мушаххас гардад.
Ӯ ин нуктаро дар ҷаласаи Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 29-уми сентябр баргузор гардид, зикр кардааст.
Дар пленуми мазкур масъалаҳои «Оид ба татбиқи меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми амалӣ намудани адолати судӣ» ва «Дар бораи ошкоро будани муҳокимаи судӣ ва ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо»-ро баррасӣ кардаанд.
Қироншоҳ Шарифзода бо ёдоварӣ аз ихтилофоти муқаррароти қонунҳои ҷорӣ, пешниҳод кардааст, ки то ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои мурофиавӣ, ҳеч не дар Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати журналист дар рафти муҳокимаи ошкорои судӣ мушаххас гардад.
Ба ақидаи Раиси Шӯрои ВАО-и ҶТ, меъёрҳои Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (М.11, қ.3), Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (М.173, қ.5), Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон (М.153, қ.3), «ба дигар шахсони иштирокчии мурофиа ва шаҳрвандони дар маҷлиси кушодаи судӣ ҳузурдошта», «шахсони иштирокчии маҷлиси ошкорои суд», «шахсони дар толори суд ҳузурдошта», ҳақ медиҳанд дар шакли хаттӣ ҷараёни муҳокимаи судиро сабт кунанд, вале барои истифодаи воситаҳои аксбардорӣ, сабти аудио, видео, пахши ҷараёни маҷлиси судӣ тариқи радио ва телевизионро танҳо бо иҷозати суд метавонанд амалӣ намоянд. Чунин муқаррарот албатта, барои дастрасии мустақими шаҳрвандон ба иттилоот аз мақомоти судӣ, амри муҳим ва меъёрҳои рӯҳияи демократӣ доштаи қонунҳои мурофиавӣ ҳастанд.
Вале дар ҳоле ки санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, Конститутсияи ҶТ, ба ҳар кас озодии баён, аз ҷумла ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахборро кафолат додаанд ва дар ин замина Қонуни ҶТ «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» барои намояндагони ВАО ҳуқуқи бештари дастрасӣ ба иттилоотро фароҳам овардааст, дар рафти ошкоро будани муҳокимаи судӣ ҳолати журналист ба тафовут аз «шахсони дар толори суд ҳузурдошта», бояд мушаххас бошад.
Зеро журналист дар толори мурофиаи судӣ на ба ҳайси алоқаманди ягон ҷониби қазия, на ҳамчун тамошогари саҳнаи моҷаро, балки чун шахси иҷрокунандаи вазифаи касбӣ ҳузур дошта метавонад ва дар шароити чандрасонаӣ будани ВАО, ӯ вазифадор аст ба хотири расонидани иттилои фаврӣ, дақиқу саҳеҳ, дар баробари қаламу блокнот, аз воситаҳои гуногуни техникии сабти аудиовизуалӣ истифода барад.
http://tojnews.org/sharifzoda-holati-jurnalistro-dar-murofiai-sudi-mushakhas-kuned